ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Тантанаи ба нафақ баромадан.

2022-11-14 06:13:25

      Азизов Раҷаб Имомович дар вазифаи сардори шуъбаи  ҳисоббарорӣ таҳлил ва омор кору фаъолият намуда, акнун ба синни нафақа расидааст ва бо тантана ӯро дар ҳузури  ҳамкорон ва директори муассиса  гусел намуданд. Бояд зикр намоем, ки мавсуф дар ташкил ва баҳисобгирии шуъбаи ҳисоббарорӣ ва таҳлили омори муассиса саҳми бузург дошта, барои пешравии соҳа хизматҳои арзанда намудааст. Ин заҳмату талошҳои хастанопазири Азизов Раҷабро роҳбарияти муассиса ба инобат гирифта ба мукофоту ҷоизаҳои гуногун сарфароз ва қадрдонӣ гардонида шуда аст.  Санаи 11.11.2022  дар толори муассиса  мавзуфро директори муассиса  бо мукофотҳои хотиравӣ қадрдонӣ  намуданд ва бо тантана ба нафақа гусел намуданд.