ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Вохурии вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ширкатҳои нақлиёти-экспедитсионӣ (логистикӣ)

2022-12-08 11:24:46

           Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ширкатҳои боркашонии ватанӣ мулоқот намуд. Дар вохурӣ Вазири нақлиёт Азим Иброҳим қайд намуд, ки мақсади чунин вохуриҳо ин беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои логистикӣ, пайдо намудани роҳи ҳалли мушкилоти мавҷудаи соҳа, ба роҳ мондани ҳамкориҳои зич миёни Вазорати нақлиёт ва ширкатҳои нақлиётии ватанӣ, баланд бардоштани самаранокӣ ва нуфузи ширкатҳои нақлиётии ватанӣ дар минтақа ва ҷаҳон, дар ин замина беҳтар намудани кору хизматрасонии нақлиётӣ ва дар маҷмӯъ татбиқи сиёсати давлатии нақлиётии кишвар мебошад. 
        Дар  вохурӣ бо ширкатҳои нақлиётии боркашонии байналмилалӣ Вазири нақлиёт Азим Иброҳим таъкид намуд, ки ҳамкориҳои ширкатҳои ватанӣ бо вазорати нақлиёт барои рушди соҳа ҳамаҷониба мусоидат менамояд. Дар идома қайд намуданд, ки ҳуқуқҳои ширкатҳои ватанӣ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон  Вазорати нақлиёт дар доираи ваколат ва имкониятҳои муайянгардида ҳимоя менамояд. Ҳамчунин, зикр карда шуд, ки дар Тоҷикистон имконияту шароитҳои беҳтару бештар мавҷуд аст ва моро зарур аст, ки  имкониятҳоро пурра ва самаранок истифода намоем. Ҳамчунин, намудҳои хизматрасониҳоро сифатан хуб намуда, ба ин васила рақобатпазрии ширкатҳои ватаниро нисбати дигар ширкатҳои хориҷӣ таъмин намоем. Дар вохурӣ миёни роҳбарону ширкатҳои ватанӣ ва вазири нақлиёт саволу ҷавоб сурат гирифт. Таъкид карда шуд, ки камбуҳои ҷойдошта ҳаматарафа баррасӣ гардида ҷиҳати ҳали онҳо қарорҳои зарурии қонунӣ қабул карда мешавад. Дар охири ҷаласа Вазир нақлиёт Азим Иброҳим изҳори умедворӣ намуданд, ки ҳамкориҳои дуҷониба байни Вазорати нақлиёт ва ширкатҳои нақлиётии боркашонии байналмилалӣ дар раванди рушди соҳа ҳамаҷониба мусоидат хоҳад намуд.