ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Вохурии маҷозии Тоҷикистону Чин

2022-12-08 11:49:52

    Вохурии маҷозии Гурӯҳи кории механизми муштарак дар робита ба таъмини интиҷоли бемамонияти бор тавассути гузаргоҳи марзии"Кулма-Қаросу" байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ноҳияи мухтори Синзиян-Ӯйғури Чин(СУАР) доир гардид.  Вазорату кумитаҳои дахлдор Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии халқии Хитой мушкилоти мавҷударо мавриди муҳокима қарор доданд. Дар вохури қайд карда шуд, ки Тоҷикистон дар доираи шартномаҳои ҳамкориҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии халқии Хитой ҳамкориро ба роҳ мондааст. Дар вохурӣ масъалаи паст намудани арзиши интиқоли борҳо аз Чин-Кошғар то ба Тоҷикистон то сарҳади Кулма буд. Ҳамчунин, ҷониби Чин қайд намуданд, ки бо дарназардошти маҳдудиятҳо вобаста ба бемории ҳамагири ковид-19 масъалаи пешниҳод гардида, мавриди омӯзиш қарор дода мешавад. Ҷониби Тоҷикистон аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост гардид, ки нақлиётҳои боркашонии Тоҷикистонро то шаҳри Қошғари Чин иҷозат диҳанд. Дигар масъалаҳои вобаста ба интиҷоли борҳо тавассути нақлиёти автомобилӣ дар вохурӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд. Дар охир ҷонибҳо изҳори умедворӣ намудавнд, ки масъалаву мушкилоти пешниҳодгардида дар доираи манфиатҳои ҷонибҳо ҳаллу фасл мегардад.