ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Семинар- машваратӣ кории дар минтақаҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон

2023-01-25 04:15:03

              Рӯзҳои  25-26 январи  соли ҷорӣ дар минтақаҳои Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон семинар - машваратӣ кории муассиса бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи минтақаҳои зикргардида, намояндагони ХДНТСН, БДА, роҳбарон ва масъулини ширкату ҷамъиятҳои нақлиётӣ  баргузор гардид.  Дар кори семинар - машварат муовини аввали директори муассиса Ахмедов С.Қ.  дар баромади худ қайд намуданд, ки ҳоло тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон густариши раванди рақамкунонии соҳаҳои иқтисодиётро, яке аз масъалаҳои муҳим ва афзалиятнок арзёбӣ намуданд. Дар робита ба ин, айни замон дар МД “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”-и вазорат бо иштироки мутахассисони (барномасозон)  соҳа барномаи нави коркарди электронии роҳхату борхат ва ҷорӣ намудани роҳхати электронӣ роҳандозӣ шудааст. Татбиқи барномаи рақамикунонии соҳаи хизматрасонии нақлиётӣ афзалиятҳои зиёд дорад. Аз ҷумла, аз ҷиҳати молиявӣ қариб 50% - нархи роҳхат сарфа мешавад, ронанда доимо дар зери назорат буда, дар сурати сари вақт насупоридан роҳхат, роҳхати нав гирифта наметавонад, роҳхатҳо бо тариқи автоматикӣ коркард шуда, ҳисоботҳои омории соҳа пешниҳод карда мешаванд.  Қайд карда шуд, ки дар сурати гузаштан ба ин раванд бартариҳои истеҳсолӣ дар ҳама самтҳо беҳтар гардида, шаффофияти ҳисоботҳо таъмин мегарданд. Дар муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома директори чамъияти “Ансорӣ-1”-и ноҳияи Ховалинг Даминов Х., директори ҶДММ “Хатсайри Ҷавонон”-и шаҳри Кӯлоб Латипов Т., Валиев А. – сардори раёсати МД “НА ва ХЛ” дар минтақаи Кӯлоб, Ғафуров Ф. – сардори раёсати назорат, танзим ва рушди фаъолият дар минтақаҳо, Султонов М. - муовини сардори раёсати ХДНТСН дар минтақаи Кӯлоб, майори милитсия Махмадмуродов Э.,   Сафарзода А. – намояндаи БДА – и минтақаи Кӯлоб, намояндаи омори шаҳри Кӯлоб ва дигарон баромад намуда, оид ба масъалаи соҳа, ибрози ақида намуданд.  Дар семинар - машварат масъалаҳои рақамикунонӣ, омӯзиши дарсҳои 20-соатаи қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ва одоби муошират бо мусофирон, фарогирии воситаҳои нақлиёти бору мусофирбарӣ бо варақаҳои роҳхату борхат ва дар ҳамин замина беҳтар ба роҳ мондани ҳисоботи омории нишондиҳандаҳои ассосии соҳа, вобаста намудани хатсайрҳои мусофирбарӣ ба интиқолдиҳандагон, фарогирии корхона ва ташкилотҳои ғайринақлиётӣ бо варақаҳои роҳхату борхат, фаъолияти агент-экспедиторон, рафти обуна дар корхона ва ҷамъиятҳои истифодаи умум барои соли 2023 ва дигар масъалаҳои корӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.  Ёдовар мешавем, ки чунин семинар – машваратҳои кории муассиса тибқи нақша дар дигар  минтақаҳои Тоҷикистон низ баргузор хоҳад гардид.