БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСА ОИД БА МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ
2026-10-01 06:14:46 | Диданд: 18
Дар Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» бо иштироки намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷаласа оид ба масъалаҳои пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини директори Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» Ғуломзода Камол ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо ҳадаф ва мақсади баргузории ҷаласа шинос кард. Номбурда намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба иштирокчиёни ҷаласа муаррифӣ намуда, таъкид кард, ки пешгирии коррупсия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва риояи қатъии талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти муассиса ба ҳисоб меравад.
Дар идомаи ҷаласа сарнозири Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори адлия Бойзод Хушбахт оид ба масъалаҳои мубрами пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия маърӯза намуд.
Зимни баромад масъалаҳои марбут ба зарурати риояи талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон, таҳкими масъулияти хизматӣ ва роҳҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, мазмуну муҳтавои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар марҳилаи дуюм - солҳои 2026–2030, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 марти соли 2026, №1145 тасдиқ шудааст, ба иштирокчиён шарҳ дода шуд.
Зикр гардид, ки татбиқи самараноки чорабиниҳои пешбинигардида, баланд бардоштани масъулияти шахсии ҳар як корманд ва таҳкими фазои зиддикоррупсионӣ дар муҳити корӣ аз омилҳои муҳими пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ ба ҳисоб мераванд.
Дар ҷараёни ҷаласа ҳолати иҷрои чорабиниҳои зиддикоррупсионӣ дар Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ» мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифта, масъалаи иҷрои банди 3-и Нақшаи чорабиниҳои муассиса оид ба амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия барои соли 2026 муҳокима карда шуд.
Иштирокчиёни ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасишуда андешаю пешниҳодҳои худро баён намуда, таъкид карданд, ки ҷиҳати пешгирии ҳама гуна омилҳои коррупсионӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ ва таъмини шаффофият дар фаъолияти муассиса бояд чораҳои зарурӣ мунтазам амалӣ карда шаванд.
Дар фарҷоми ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, ба масъулини сохторҳои муассиса ва кормандон ҷиҳати риояи қатъии талаботи қонунгузории зиддикоррупсионӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани масъулияти хизматӣ ва дар сурати ошкор гардидани ҳолатҳои коррупсионӣ ё омилҳои ба он мусоидаткунанда фавран хабар додан ба мақомоти дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Баргузории чунин вохӯриҳои иттилоотию маърифатӣ барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии кормандон, таҳкими ҳисси масъулиятшиносӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ дар фаъолияти муассиса аҳамияти муҳим дорад.
