Натиҷаи озмуни хатсайрҳои наздишаҳрӣ
2023-08-31 08:34:47
25
августи соли 2023 дар бинои Раёсати Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии
логистикӣ» воқеъ дар шаҳри
Хуҷанд, кӯчаи
Шарқ-7, озмуни тендери лоти (хатсайрҳои)
мунтазами наздишаҳрии ноҳияи
Ҷаббор
Расулов дар лоти №10 хатсайри мусофирбарии наздишаҳрии
«МРМ - Меҳробод -Ғулакандоз»
ва лоти №11 хатсайри мусофирбарии наздишаҳрии
«деҳаи Маданият - Ашроф - деҳаи
Ғулакандоз»
баргузор гардид.
Дар озмун (тендер)
аъзоёни Комиссия аз Мақомоти
иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти
Суғд, Раёсати МД «Нақлиёти
автомобилӣ ва хизматрасонии
логистикӣ», Мақомоти
иҷроияи ҳокимияти
давлатии ноҳияи Ҷаббор
Расулов, Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи
нақлиёти вилояти Суғд,
шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии
Тоҷикистон дар вилояти Суғд
ва намояндаи Кумитаи иттифоқи
касабаи кормандони нақлиёт
ва хоҷагии роҳҳои
вилояти Суғд иштирок намуданд. Тибқи
натиҷаи баҳогузории
Комиссия дар лоти №10 хатсайри мусофирбарии
наздишаҳрии «МРМ - Меҳробод
- Ғулакандоз» ва лоти №11 хатсайри
мусофирбарии наздишаҳрии
«деҳаи Маданият - Ашроф - деҳаи
Ғулакандоз», ҶДММ
«Шодиёна Б» - и ноҳияи
Ҷаббор
Расулов бо баҳои баланд ғолиб дониста
шуд.