ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

ҚОИДАҲОИ НАЌЛИЁТИ АВТОМОБИЛЇ ОИД БА ҲАМЛУ НАҚЛИ МУСОФИРОН ВА БОРИ ДАСТИВУ БАҒОЉ БО НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛЇ ДАР ЉУМҲУРИИ ТОЉИКИСТОН

 

ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ «НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКӢ»

  

 

 

ҚОИДАҲОИ  НАЌЛИЁТИ АВТОМОБИЛЇ

ОИД БА ҲАМЛУ НАҚЛИ МУСОФИРОН ВА БОРИ ДАСТИВУ  БАҒОЉ БО НАҚЛИЁТИ

АВТОМОБИЛЇ ДАР ЉУМҲУРИИ ТОЉИКИСТОН

(дар тањрири нав)

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

                                                                        

 

 

 

                                                                        Душанбе- 2022

                                                                                                           

 

ҚОИДАҲОИ  НАЌЛИЁТИ АВТОМОБИЛЇ

ОИД БА ҲАМЛУ НАҚЛИ МУСОФИРОН ВА БОРИ ДАСТИВУ  БАҒОЉ БО НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛЇ ДАР ЉУМҲУРИИ ТОЉИКИСТОН

 

 

1.   МУҚАРРАРОТИ УМУМЇ

       Қоидаҳои наќлиёти автомобилї оид ба ҳамлу нақли мусофирон ва бори дастиву бағољ бо нақлиёти автомобилї дар Љумњурии Тољикистон (минбаъд – Қоидаҳо) мутобиқи моддањои 42-47 Кодекси наќлиёти автомобилии Љумҳурии Тољикистон  ва бандњои 6 ва 8-уми Низомномаи Вазорати нақлиёти Љумҳурии Тољикистон, ки бо ќарори Ҳукумати Љумҳурии Тољикистон аз 6 майи 2011 сол, №250 тасдиқ шудааст тањия гардида, тартиби ташкилу ба роҳ мондани ҳамлу нақли мусофиронро тавассути нақлиёти автомобилї муқаррар менамояд. Қоидаҳо дар тамоми қаламрави Љумҳурии Тољикистон эътибор дошта, риояи он барои ҳама шахсони ҳуқуқї ва воқеъї, новобаста аз шакли моликияташон, ки ба ҳамлу нақли мусофирон ва бори дастиву баѓољ машѓул мебошанд, ҳатмист.  

 

          1. Мафҳумҳои асосие, ки дар Қоидаҳо истифода мешаванд:

        - љои бағољ – љои нигохдорї ва ҳамлу нақле, ки андозааш на камтар аз 120 х 60 х 40 сантиметр (минбаъд см) ва вазнаш на зиёда аз 50 килограмм (минбаъд кг) аст;

       - дафтари қайди воситаи нақлиёт – дафтари қайди рақамдор ва ресмонбастае, ки дар он оид ба санљиши техникии пеш аз сафари воситаи нақлиёти автомобилї ва ташхиси тиббї пеш аз хатсайрии (пеш аз басти кориро қабул кардан) ронанда қайдҳо гузошта мешаванд ва он дар корхонаи нақлиёти автомобилї нигоҳ дошта мешавад;

       - таксии хатсайргард - автобуси ғунљоишаш махсусан хурд, ё дорои ғунљоишаш кам, инчунин автомобили сабукрави на зиёда аз ҳашт љои нишаст, ки барои ҳамлу нақли мусофирон ва бағољ дар хатсайрҳои муқарраршуда истифода бурда мешавад, саворшавї ва фуровардани мусофиронро дар истгоҳҳо ва ё бо талаби мусофирон  дар љойҳое, ки қоидаҳои бехатарї риоя мешавад, анљом медиҳад;  

       - қитъаҳои хавфнокқитъаҳои роҳҳои автомобилгард, ки ҳангоми аз онҳо гузаштан хатари ба садамаи автомобилї дучор шудан пеш меояд ё ба тағйироти љиддии тартиби ҳаракат вобастаанд;

      - сафар (рейс) – роҳи ҳаракати автобус, таксии хатсайргард  ва таксии сабукрав аз ибтидо то нуқтаи охири хатсайр;

        - озмун (тендер) – амале, ки дархостҳоро љиҳати ҳуқуқи хизматрасонї дар хатсайрҳо дида мебарояд.

        - хадамоти танзимкунанда - раҳнамоии танзимї ин идоракунии ҳаракат, назорати пайвастаи риояи љадвал ва танзими саривақтї барои таъмини мураттабу мунтазами ҳаракати автобусҳо, таксиҳои хатсайргарди дар хатсайрҳои шањрї, ҳамчунин мутобиқсозии љараёни технологии ҳамлу нақли мусофирон бо тамоми намуди нақлиёт мебошад.  

 -одоб – ин маҷмӯи меъёрҳое мебошад, ки рафтори одамонро ба танзим медарорад ва боиси риоя гардидани ахлоқи ҷамъиятӣ мебошад.  

 - объектҳои инфрасохтори нақлиёти автомобилӣ - биноҳо, иншоот ва (ё) маҷмааи истеҳсолию технологӣ, ки барои амалӣ намудани намудҳои фаъолият дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ истифода карда мешаванд;

2. Аз љихати ташкил ҳамлу накли мусофирон бо нақлиёти автомобилї ба мунтазам ва номунтазам тақсим мешаванд:

           - ҳамлу нақли мунтазами мусофирон бо автобус ё таксии хатсайргард мутобиқи хатсайрҳои мукарраркардаи мақомотҳои давлатии марбута  ба роҳ монда мешавад;

           - ҳангоми ташкили ҳамлу нақли мунтазами мусофирбарии автомобилї дар хатсайрҳои шаҳрї, воситаи нақлиёти автомобилї (автобусҳо, таксиҳои хатсайргард ) муайян карда мешавад.

            Ҳамлу нақли мусофирон ва бағољ бо воситаҳои нақлиёти автомобилї бе доштани роҳхат манъ аст:

           - ҳамлу нақли номунтазами автомобилии мусофирон бо ташаббуси шахсии интиқолдиҳандагон ташкил гардида, дар он воситаи нақлиёти автомобилї, ки ба талаботи Қоидаҳои мазкур мутобиқанд, истифода мегарданд;

               - ба ҳамлу нақли мусофирбарї воситаҳои нақлиёти автомобилие иљозат дода мешаванд, ки ба талаботњои бехатарї, меъёрҳои тиббї – санитарїҳифзи меҳнат ва экологї, стандартҳои давлатию байналхалкї ва шартҳои техникї мутобиқ бошад, иљозатнома (литсензия) барои фаъолият дошта бошад; 

         - дар хатсайри мунтазами шаҳрї автобусҳои шаҳрии (клоси 1), ки на кам аз ду дар дошта бошанд, таксии хатсайргард, ҳамчунин автобусҳои (клоси 2) истифода мешаванд;

        - автобусҳо ва таксиҳои хатсайргард барои ҳамлу нақли мусофирон ва бағољ дар хатсайрҳои мунтазами байнишаҳрї ва байналхалқї истифодашаванда бояд курсиҳои мулоим ва такядор - автобусҳои якдара дар шаҳр ҳамчунин автобуси «Экспресс» ва дар хатсайрҳои наздишаҳрї ба ҳамлу нақл машғул шуда метавонанд, дошта бошанд. Агар масофаи хатсайр зиёда аз 400 км бошад, автобус ё таксии хатсайргард бояд барои ронандаи дигар (иваз кардан) љой дошта бошанд;

          - дар хатсайрҳои кўҳї ҳамлу нақли мусофирон дар соатҳои шабона (аз соати 22-и  шаб то 6-и  субҳ) манъ аст;

         - дар хатсайрҳои кўҳї воситаҳои нақлиёти автомобилии зиёда аз 500 ҳазор километр роҳ тайкарда ё аз таъмири асосї баровардашуда истифода намешаванд;

      - воситаҳои нақлиёти автомобилии дар хатсайрхои кўҳї истифодашаванда бояд бо тири пешбаранда, бо чароғҳои пеши зиддитуманї ва чароғҳои ёридиҳандаи қафо муљаҳҳаз бошанд ва баландии протектори ғилдирак на бояд аз 3,0 миллиметр  кам бошад.

      3. Воситаҳои нақлиёти автомобилї бояд ҳангоми ҳамлу нақли мусофирон бо таљҳизоти зерин муљаҳҳаз шаванд:

      - доруқуттї (барои воситаи нақлиёти автомобилї) бо маводҳо ва доруҳои зарурии тиббї;

      - воситаҳои таваққуфкунанда (пошначаҳо) барои боздории худҳаракаткунї, ҳангоми ист дар роҳи ноҳамвор;

      - аломати огоҳикунандаи ист;

      - таљҳизоти сўхторнишонии коршоям;

      - навиштаљоти иттилоотї дар дохили (минбаъд - солун) воситаи нақлиёти автомобилї дар бораи таъљилан кушодани даричаҳои садамавї, дарҳо, тирезаҳо ва дур кардани оинаҳои тиреза ҳангоми рух додани садамаи нақлиётї;

      - болғачаҳо барои шикастани шишаи тирезаҳои солуни воситаи нақлиёти автомобилї дар ҳолати ба воситаи аз дар баромада натавонистан аз автобус.

      4. Воситаҳои нақлиёти автомобилї барои ҳамлу нақли мусофирон истифодашаванда бояд чунин бошанд:

      - дарҳои солуни мусофирон ва даричаҳои садамавии бе ягон мамоният кушодашаванда ва пўшидашаванда, дарҳои солун барљастагии тез ва баромада надошта бошанд;

      - пўшанї, даричаи садамавї ва тирезаҳое, ки дар ҳолати маҳкам буданашон аз онҳо ба кабинаи ронанда ва ё солуни мусофирон чангу ғубор надарояд.

      - курсиҳо ва дастакҳои маҳкам кардашуда дошта бошанд;

      - курсиҳои тозаи рўйкашҳояшон нодарида;

      - зерпой ва фарши ҳамвор дар солуни мусофирон.

      -рўйпушҳои фарши солун бояд аз маводи ҳамвору нодарида тайёр карда шуда бошанд;

      - шишаҳои шаффофи тиреза аз чангу ғубор ва ҳар гуна рангҳо, ки дидро халалдор мекунанд, тоза бошанд. Ҳар шишаи тиреза,  ғайр аз 30% он на бояд бо навиштаљот ё реклама маҳкам карда шавад;

      - солуни мусофирон, ки мутобиқи фаслҳо гарм ё салқин карда мешаванд, набояд бо асбобу қисмҳои эҳтиётї фаро гирифта шаванд.

      5. Солуни воситаҳои нақлиёти автомобилї барои ҳамлу нақли мусофирон истифодашаванда бояд дар ҳар баст на камтар аз ду бор ва вобаста аз ифлосшавї шуста шаванд.

      Баъди басти корї воситаи нақлиёт аз берунаш пурра шўста мешавад.

      6. Автобусҳо, таксиҳои хатсайргард барои ҳамлу нақли мусофирон дар хатсайрҳои байнишаҳрї ва байналхалқї истифодашаванда бояд љойи бағољмонї ва ғилдиракҳои иловагию бардора дошта бошанд.

       7.  Автобусҳо, таксиҳои хатсайргард, ки дар хатсайрҳои зерин истифода мешаванд, бояд бо таљҳизоти назоратии тартиби бақайдгирии меҳнат ва истироҳати ронандагон – тахографҳо муљаҳҳаз бошанд:

      -  ҳамлу нақли мусофирон ва бағољ дар хатсайрҳои байналхалқї;

      - ҳамлу нақли мунтазам ва номунтазами мусофирон ва бағољ дар хатсайрҳои байналхалқию байнишаҳрї (байнивилоятї).

      8. Дар солунҳои воситаи нақлиёти автомобилии барои интиқоли мусофирон дар хатсайрҳои мунтазами шањрї ва наздишаҳрї истифодашаванда дар шафати љойи нишасти ронанда бояд навиштаљоти зерин бошад:  

      - номи пурраи интиқолдиҳанда (ронанда);

      - раќами телефонҳои ронанда, ташкилкунандаи интиқол, Раёсати минтақавии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт,   Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Љумҳурии Тољикистон (минбаъд ХДНТСН ва БДА ВКД ЉТ):

      - нусхаи љадвали хатсайр ва љадвали ҳаракат;

      - тарифи муқарраршуда барои сафар ва интиқоли бағољ.

      Барои ҳамлу нақли автомобилии мунтазам дар хатсайрҳои наздишаҳрї, вобаста аз тўли сафар, бояд сеткаи тарифҳоро дошта бошанд:

      - андозаи љарима барои сафари роҳкирояш пардохтанашуда ё интиқоли бағољ;

      - ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои мусофирон.

      Автобусҳо, таксиҳои хатсайргард барои интиқоли мунтазами шаҳрии мусофирон истифодашаванда бояд бо баландгўяк ва воситаҳои усули идоракунии автоматї (минбаъд ВИД) барои назорати кор дар хатсайрҳо тибқи талаботи интиқолдиҳанда мутобиқ будан муљаҳҳаз бошанд.

      9.  Дар тарафҳои пешу ақиби автобусҳо, таксиҳои хатсайргард барои интиқоли мунтазами шаҳрї ва наздишаҳрии мусофирон истифодашаванда навиштаљот бо ном ва рақами хатсайр љойгир карда мешаванд.

      Навиштаљот бояд бо ҳарфи сиёҳ (андозааш на камтар аз 12 мм) дар заминаи сафеду зард навишта шуда бошад. Ҳангоми ҳамлу нақли камтаваққуф дар навиштаљот дар зери рақами хатсайр бояд бо ранги сурх «экспресс» навишта шавад (андозаи ҳарфҳо на кам аз 60 мм).

      10. Аз тарафи рости автобуси барои хатсайри мунтазами шаҳрии ҳамлу нақли мусофирон истифодашаванда, дар назди яке аз дарҳои солуни мусофирон навиштаљот бо рақам ва нишондоди кўтоҳи хатсайр (номи истгоҳҳои аввалї ва охирон, кўчаҳои асосие, ки хатсайр аз он љо мегузарад, љойҳои махсуси љамъиятї) бо забони давлатї ё русї бояд љойгир шуда бошад.

      11. Дар паҳлўҳои ақибу пеш ва рости автобусҳои барои хатсайри мунтазами интиқоли мусофирон истифодашаванда (ба љуз аз хатсайрҳои шаҳрї) бояд навиштаљот бо нишондоди нуқтаҳои аввалї ва охирони хатсайр гузошта шаванд.

      Навиштаљот бояд бо забони давлатї ё русї ва ранги намоён дар заминаи сафед бо ҳарфҳои андозаашон 60 мм навишта шуда бошанд.

      Навиштаљоти пешу ақиб бояд дар вақти торикї хосияти равшаншаванда дошта бошанд.

12. Автобусҳои барои ҳамлу нақли гурўҳи ташкилкардаи кўдакон људошуда бояд ду дар дошта бошанд. Ҳамчунин, ин автобусҳо аз пеш ё қафо бояд  аломатҳои фарқкунандаи «Интиқоли кўдакон» ва аломати ранги зард дошта бошанд.

      13. Дар тарафҳои пеш ва қафои воситаи нақлиёт ҳангоми ҳамлу нақли мусофирон бо автобусҳои таъинотї, таксиҳои хатсайргард ё мошинҳои сабукрав истифодашаванда навиштаљоти «Таъинотї» гузошта мешавад.

      Навиштаљот бояд бо ранги сиёҳ (андозаи ҳарфҳо на камтар аз 120мм) навишта шуда, дар чаҳорчўбаҳои росткунља љой дода шавад.

      14. Дар қисми пеши солуни автобусҳое, ки барои ҳамлу нақли мунтазами мусофирон истифода мешаванд, љой барои маъюбон, нафақахўрон, занҳои ҳомиладор ва мусофирони кўдакони синни томактабї дошта ташкил карда мешавад. Дар пахлўи чунин љойҳо бояд навиштаљот дар бораи љойи махсус гузошта шаванд.

      15. Мошинҳои сабукрави таксї бояд бо аломати фарқкунандаи дар болои автомобил гузошташуда, ки аз масофаи то 500 метр намоён мешаванд, таљҳизонида шавад. Аломати фарқкунанда бояд аз навиштаљоти «Т» ё тахтаи шоҳмотмонанди дар торикї љилодиҳанда иборат бошад.

       Автомобилҳои сабукрави таксї ҳамчунин бояд бо таксометри дуруст коркунанда ва тамға задашуда муљаҳҳаз бошанд.

      Дар солуни автомобилҳои сабукрави таксї, дар љои чашмраси мусофирон бояд варақаи шиноскунандаи ронанда бо сурат ва ному насаб, ҳамчунин навиштаљот бо нишондоди номи интиқолдиҳандаи расмї ва суроғаю рақами телефонаш овехта шавад.  

16. Њангоми амалї намудани ҳамлу нақли мунтазам ва номунтазами автомобилии мусофирон, интиқолдиҳанда бояд роҳхат дошта бошад, ки дар он натиљаи муоинаи тибии ронанда пеш аз ба хатсайр баромадан (пеш аз қабули баст), ҳолати техникии воситаи нақлиёт, самти фаъолият ва натиљаи кори ронанда қайд мегардад. 

         Њамлу нақли мусофирон тавассути наќлиёти автомобилии мусофирбари истифодаи умум бе мављудияти вараќаи роњхати намунаи тасдиќгардида манъ мебошад. Муњлати истифодабарии вараќањои роњхати мусофирбарї мутобиќи Ќоидањои наќлиёти автомобилї  оид ба шакли роњхатњо, тартиби баровардан, пур намудан, истифода ва коркарди онњо, ки тибќи тартиби муќарраргардида ќабул гардидааст, амалї карда мешаванд.

Муњлати истифодабарии вараќаи роњхати намунаи №1А (автобус) ва №3С (сабукрав), ки тибќи Ќоидањои мазкур то 3 рўз муќаррар шудааст, бо назардошти хусусияти фаъолияти “мусофирбарї” (гирифтани вараќаи роњхати навбатї ва ё басти корї) амали роњхати ќаблан гирифташуда то соати 12.00-и рўзи чорум эътибор дорад.

Роњхат дар хатсайрњои мусофирбарии байнишањрї њангоми баромадан аз њудуди Интиќолдињанда то баргаштан  ба њудуди он, ки  муњлати иљрои он аз 3 (се) рўз зиёд мебошад, дар ин маврид  муњлати он ба як гардиш баробар мешавад.

 

2.ТАРТИБИ КУШОДАН, ДИДА БАРОМАДАН ВА ТАРТИБ ДОДАНИ ЉАДВАЛИ ХАТСАЙРҲОИ МУНТАЗАМИ ҲАМЛУ НАҚЛИ АВТОМОБИЛИИ МУСОФИРОН

     

      17. Ташаббускори кушодани хатсайрҳои нави доимомалкунанда ва ворид намудани тағйиротҳо ба хатсайрҳои амалкунандаи мусофирбарї тавассути нақлиёти автомобилї – мақомоти иљроияи маҳаллии ҳокимияти давлатї, шахсони ҳуқуқї (воқеъї) шуда метавонанд.

      18. Тибқи талаботи ташаббускор, комиссияи босалоҳият аз ҳисоби намояндагони мақомоти иљроияи ҳокимияти давлатї, Вазорати нақлиёти  Љумҳурии Тољикистон, мақоми ваколатдори Вазорати нақлиёти  Љумҳурии Тољикистон, ХДНТСН ва БДА ВКД ЉТ, иттифоқи касаба  ва экспертҳои соҳаи ташкили ҳамлу нақли мусофирон санҷиши хатсайрҳои азнавкушодашаванда ва ё ворид намудани тағйироту иловаҳо ба хатсайрҳои амалкунандаро бо мақсади мутобиқат намудани вазъи техникӣ ва дараҷаи нигоҳдории роҳҳои автомобилгард бо талаботҳои бехатарии ҳамлу нақл мегузаронанд:  

      - ҳамлу нақли автомобилии мусофирон дар хатсайрҳои мунтазами байналмиллалӣ – бо мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилоятҳо аз ҳудуде, ки тариқи он хатсайр мегузарад;

      -ҳамлу нақли автомобилии мусофирон дар хатсайрҳои мунтазамї, байнишаҳрӣ (байнивилоятӣ), байнишаҳрии дохиливилоятӣ ва ноҳияҳои тобеъи марказ, наздишањрї ва  шаҳрӣ - мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар  вилоят, шаҳр ва ноҳияе, ки хатсайр аз ҳудуди он мегузарад;

      - ҳамлу нақли автомобилии мусофирон дар хатсайрҳои мунтазами шаҳри Душанбе - Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.  

       Раиси комиссияи босалоҳият новобаста аз хатсайри азнавкушодашаванда ва ё ворид намудани тағйирот дар хатсайрҳои мунтазами байналмилалӣ ‑ намояндаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар хатсайрҳои мунтазами байнишаҳрӣ (байнивилоятӣ), байнишаҳрӣ (дохиливилоятӣ), наздишаҳрӣ, шаҳрӣ ва хатсайрњои шањрак ва дењот – намояндаи маќоми ваколатдори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар хатсайрҳои мунтазами шаҳри Душанбе ‑ намояндаи маќоми  ваколатдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дониста мешавад

      19. Хатсайрҳои мунтазами доимоамалкунанда бо мақсади баҳогузорӣ ва мувофиқат намудани ҳолати техникии роҳ ва дараҷаи нигоҳдории инфрасохторҳои роҳҳои автомобилгард ба талаботҳои бехатарӣ бояд муоина карда шаванд.  

      Муоина дар хатсайрҳои доимоамалкунанда аз ҷониби комиссияҳо на камтар аз як маротиба дар се сол гузаронида мешавад.

      Ба ҳайати комиссия метавонанд намояндагони мақомоти роҳдорӣ ё коммуналӣ, ХДНТСН, БДА ВКД ЉТ намояндагони ҷамъиятҳои ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва иттифоқҳои касаба   шомил бошанд.  

      20. Дар асоси қарори комиссияи мазкур, раиси комиссия шиносномаи хатсайри ҳаракати нақлиёти мусофирбарро дар се нусха тартиб медиҳад ва бо тариқи зайл тасдиқ карда мешавад:

      - барои хатсайрҳои мунтазами байналмиллалї - Вазорати нақлиёти  Љумҳурии Тољикистон;  

      -барои хатсайрҳои мунтазами байнишаҳрӣ, байнивилоятӣ, байнишаҳрии дохиливилоятӣ, наздишањрї, шаҳрӣ ва  шањраку дењот – маќоми ваколатдори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;  

      - хатсайрҳои мунтазами ҳамлу нақли автомобилӣ дар шаҳри Душанбе - мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе;  

     

      21. Натиљаи ҳар як муоина ва мувофиқатии љадвали ҳаракат дар санаде, ки барои кушодани хатсайр ва истифодабарии минбаъдаи хатсайрҳо аз рўи љадвали муайяни ҳаракат бо ҳисобгирии анбўҳи мусофирон пешбинї шудааст, қайд карда мешавад.

      22. Ҳангоми ошкор шудани номувофиқатї ба талаботи бехатарии ҳамлу нақл дар санад пешниҳоди комиссия дар бораи гузаронидани чорабиниҳои таъљилї ва дурнамо ба хотири беҳтар ба роҳ мондани шароити ҳаракат ва огоҳ намудан аз садамаҳои нақлиётї дар хатсайрҳо дарљ мегарданд.

       Санади муоина ба мақомоте, ки ҳайати комиссияро оид ба муоинаи хатсайрҳо барои ҳал намудани масъалаи кушодашавї ё давомдиҳии истифодаи хатсайрҳо, дидани чораҳои зарурї барои беҳтар намудани бехатарии ҳамлу нақл, ташкили назорат аз болои бартараф кардани камбудиҳои љойдошта тасдиқ намудааст, пешниҳод карда мешавад.

      Нусхаи санадҳо ба шахсоне, ки иншооти инфрасохторҳои нақлиёти автомобилї ба онҳо тааллуқ дорад, барои бартараф намудани камбудиҳои љойдошта, ҳамчунин ба интиқолдиҳандагоне, ки ба ҳамлу нақл дар хатсайрҳои муоинашуда машғуланд, бо мақсади онро ба сифати дастур истифода бурдан, муайян намудани љадвали минтақаҳои хатарнок, мўътадил кардани суръати ҳаракати воситаҳои нақлиёт фиристода мешавад.

      23. Ҳангоми мувофиқ набудани инфрасохторҳои роҳ ба талаботи бехатарии ҳамлу нақл, дар асоси санади санљишии хатсайр, Вазорати нақлиёти Љумҳурии Тољикистон, мақоми ваколатдори Вазорати нақлиёти  Љумҳурии Тољикистон, БДА ВКД ЉТ ва мақомоти иљроияи ҳокимияти давлатии дар мувофиқа бо ҳам дар бораи рад намудани кушодашавии хатсайр, тағйир додан ё қатъ кардани он қарор қабул мекунанд.  

      24. Бо мақсади ба нақшагирии ташкил ва бақайдгирии хатсайрҳои нави мусофирбарї тавассути нақлиёти автомобилї дафтари қайд љорї карда мешавад:

      - доир ба хатсайрҳои мунтазами байналмиллалї – Вазорати нақлиёти Љумҳурии Тољикистон;  

      - хатсайрҳои мунтазами байнишањрї (байнивилоятї), байнишаҳрӣ дохиливилоятӣ, шањрї (ба истиснои хатсайрҳои шаҳри Душанбе) ва шањраку дењоти њамлу наќли автомобилии мусофирон - маќоми ваколатдори Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;  

      - хатсайрҳои мунтазами шаҳрии њамлу наќли автомобилии мусофирон  дар шањри Душанбе - маќоми ваколатдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.  

Боби III

ТАЛАБОТ БА ТАЉҲИЗОНИДАН ВА ЉОЙГИРШАВИИ ИСТГОҲҲО

     

           25. Истгоҳҳо бояд бо дарназардошти талаботи меъёрҳои сохтмонї ва қоидаҳои Љумҳурии Тољикистон  оид ба «Шахрсозї,  дурнамо ва сохтмони манзилҳо, шаҳру деҳотҳо», ки бо фармоиши дахлдори маќоми ваколатдор  дар соњаи сохтмон ва меъмории назди Њукумати Љумҳурии Тољикистон тасдиқ шудааст, бо назардошти риояи қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ, тарзи безарар ва мусоиди наздикшавии мусофирон ба он, љойгир карда мешаванд.

      26.  Ҳар истгоҳ чунин таљҳизонида мешавад:

      - навиштаљот иборат аз номи истгоҳ, рақами хатсайрҳое, ки аз он љо мегузаранд, фосилаи ҳаракати хатсайр;

      - майдончаҳо барои бехатар истодани воситаи нақлиёт (минбаъд майдончаи ист ) бояд ба дигар воситаи нақлиёт халал нарасонад ва паҳноии онҳо ба паҳноии асосии қисми нақлиётгард ва дарозиаш вобаста аз теъдоди воситаи нақлиёти автомобилии як вақт истода, вале на камтар аз 10 м бошад.

      Майдончаҳои истгоҳ дар роҳҳои дараљаи I - III аз қисми нақлиётгузар бо хатти људокунанда људо карда мешаванд:

- майдончаи саворшавии сатҳаш аз сатҳи майдончаи истгоҳ  0,2 м баландтар ва рўпўши мустаҳкам дошта, ки масоҳаташ на камтар аз 10 х 2м аст.

      Ин майдонча дар наздикии айвончаи бо санг канора људошуда аз тарафи роҳи нақлиётгузар бо дарназардошти муайян намудани љои гузашти маъюбони аробачасавор сохта мешавад:

      - хати људокунанда, роҳ барои пиёдагардон (мустаҳкам рўпуш кардашуда) барои ба истгоҳ омадани мусофирон;

- айвонча барои муҳофизати мусофирон аз боду ҳавои номусоид. Наздиктарин ҳудуди айвонча бояд на камтар аз 3 м то канори майдончаи истгоҳ љойгир бошад.

      Истгоҳҳо дар роҳи дараљаи 1 берун аз минтақаи замин аз қисми саворагард људо воқеъ мешаванд.

      27. Истгоҳҳои дар маҳалли аҳолинишин љойгир нашуда, дар қисми роҳи рост ё дар роҳи каљи қутраш на камтар аз 1000 м – барои роҳҳои дараљаи I ва  II, 600 м – барои роҳҳои дараљаи III ва 400 м – барои роҳҳои дараљаи IV-V дар нишебиҳои тамоюлашон на зиёдтар аз 60% љойгир мешаванд, ҳамчунин, барои диди роҳҳои меъерҳои мувофиқ пешбинї карда мешаванд.

      Истгоҳҳои роҳҳои дараљаи 1 бояд яке дар муқобили дигар ва дар роҳи дараљаи II, IV мувофиқи самти ҳаракат дар масофаи на камтар аз 30 м байни деворҳои айвонча љойгир шаванд.

      28. Мақомотҳои иљроияи њокимияти давлатии шањру ноњияњо таъмир ва таљдиди сабуки нуқтаҳои истро дар мавсими таљдиди баҳорї ва ободонии нуқтаҳои аҳолинишин ҳар сол таъмин мекунанд.

      28. Нуқтаҳои исти хатсайрҳои мунтазами ҳамлу нақли мусофирон (ба ғайр аз нуқтаи шаҳрї) бояд дар ҳар як нуқтаи аҳолинишин қад-қади ҳаракати хатсайр барои аҳолии ин нуқтаҳои аҳолинишин муносиб љойгир шуда ва ба ҳадди имкон ба марказҳои калони мусофирљамъшаванда (терминалҳои роҳи оҳану автомобилї, фурудгоҳҳо, бозорҳо, марказҳои савдо) ва бо нуқтаҳои исти хатсайрҳои мунтазами шаҳрии ҳамлу нақли автомобилии мусофирон наздик бошанд.

      29. Дар сурати мављуд будани терминал дар роҳи ҳаракати нуқтаи аҳолинишин, хатсайр бояд ба воситаи он терминал гузарад.

 

 

Боби IV

ТАШКИЛ ВА МУОИНАИ ТИББИИ РОНАНДА ПЕШ АЗ САФАР (ПЕШ АЗ ҚАБУЛИ БАСТ) ДАР ХАТСАЙРҲОИ МУНТАЗАМ ВА НОМУНТАЗАМИ ҲАМЛУ НАҚЛИ МУСОФИРОН ВА БАҒОЉ ТАВАССУТИ НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛЇ

     

30. Интиқолдиҳанда муоинаи тиббии пеш аз сафарї (пеш аз қабули басти кор) ронандаро тавассути корманди тиб, ки мутобиқи қонунгузории Љумҳурии Тољикистон ба ин навъи фаъолият ҳақ доранд (минбаъд корманди тиб), таъмин менамояд.

      31. Ронанда бо нишон додани роҳхат ва ҳуљљати шахсиаш аз муоинаи тиббии пеш аз сафар (баст) мегузарад.

      Дар ҳолати зарурии дар як рўз якчанд бор сафар кардан, пеш аз сафари якўм аз муоина мегузарад.

      32. Муоинаи тиббии пеш аз сафарї (пеш аз қабули баст) ронанда ба таври инфиродї сурат мегирад ва аз инҳо иборат аст:

      - пурсиш, ташхис ва баҳои намуди зоҳирї, тарзи роҳгардї, ҳолати муоинашаванда, рафтор ва ҳолатҳои руҳї, тарзи сухангўї, имову ишора, шуур, пўсти бадан, рангҳои пардаи чашм, бузургии заррачаҳо, махсусиятҳои нафаскашї ва дигар аломатҳо;

      - ошкор намудан ва дида баромадани  шикоятҳо, давомнокии истироҳат ва хоб дар фосилаи байни сафар (байни баст).

      - ченкунї ва баҳодиҳии фишори шарёнї, тавсифи набзи мувофиқ, ченкунии ҳарорати бадан, муоинаи ҳалқ,   муайянкунии бақувватї бо тарзи Ромберг, санљиши ангуштро бехато ба бинї расонидан ва санљишҳои дигари мутобиқгардонї ҳангоми мављуд будани фишори баланди шарёнї дар варақаи маълумотномаи ронанда, дар варақаи шахсии муоинаи пеш аз сафари тиббї натиљаи асосии нишондодҳо қайд карда мешаванд.

      33. Ҳангоми мављуд набудани шикоят аз осори объективии беморї ва сустшавии қобилиятнокии бадан, шахси муоинашуда ба идоракунии воситаи нақлиёт иљозат дода мешавад.

      Корманди тиб ҳангоми ба ҳамлу нақли номунтазами мусофирон ва бағоч аз тарафи ронанда дар дафтари қайди воситаи нақлиёт ва ҳамлу нақли мунтазам дар роххат мўҳр мегузорад. Дар дафтар ва роҳхат таърихи гузаронидани муоина ва имзои корманди тиб бо мўҳр гузошта мешавад.

      34. Шахсоне, ки дар ҳолати мастї қарор доштанашон маълум аст, (бўи шароб аз даҳон, луққидан, суханронии бетартиб, ларзиши ангуштҳо, тағйирёбии ранги пўст) ба идоракунии воситаҳои нақлиёт роҳ дода намешаванд.

Дар ҳолати рози набудан ба ин пешниҳод, чунин шахсон бо ҳамроҳии корманди тиббї ба муассисаи давлатии табобатии наздиктарин, ки тибқи қонуни амалкунандаи Љумҳурии Тољикистон ваколати гузаронидани муоинаи тиббї дорад, фиристода мешаванд.

      35. Ҳангоми ошкор гаштани љароҳат ё баландшавии фишори шарёнї - беш аз 20 мм сутунчаи симобї аз меъёри мўътадил, суст шудани таппиши набз – камтар аз 55 зарб дар як дақиқа, баландшавии набз зиёда аз 85 зарб дар як дақиқа, аломатҳои гипертонияи шарёнї, бемории гузаранда, беҳушшавї ва ҳолатҳои дигари халалёбии саломатии ронанда ба қабули мутахассис оид ба муоина ва табобати корношоямии муваққатї фиристода мешавад. Дар ҳолати зарурї мошини ёрии таъљилї таъмин карда мешавад.

      Дар сурати муайян кардани нишонаҳои корношоямии муваққатї дар рўзҳои ғайрикории муассисаи амбулатории – ташхисї ба бемор ёрии аввали таъљилї расонида, барои ба муоинаи мутахассис рафтан роҳхат медиҳанд, ки дар он  ҳатман мўҳлат, вақти муоина, ташхиси касалї ва меъёрї ёрии тиббии расондашуда мувофиқи қонуни амалкунандаи Љумҳурии Тољикистон ҳамчун варақаи корношоямии аз тарафи духтур эътирофшуда нишон дода шаванд.

      36. Корманди тиб дар бораи қодир будан ба идоракунии воситаи нақлиёт ҳангоми муоинаи тиббии пеш аз сафар (пеш аз баст) ба ронанда маълумотнома медињад.

      37. Корманди тиб дар ҳолати саркашї кардани ронанда аз муоинаи тиббї, ҳангоми ошкор кардани беморї, захмдорї, аломатҳои истеъмоли маводи мадҳушкунанда барои аз идоракунии воситаи нақлиёт озод кардани ронанда интиқолдиҳандаро огоҳ мекунад.

     

Боби V

ТАЛАБОТ БА ТЕРМИНАЛҲО ВА ТАРТИБИ КОРИ ОНҲО

     

       38. Терминалњо дар асоси шартнома, ки дар замимаи 3 пешбинї карда шудааст, бо маќоми ваколатдори Вазорати наќлиёт фаъолияти худро, ба роњ мемонад. Мутобиќи шартнома, интиќолдињанда дар асоси дархости терминал барои хизматрасонї дар хатсайрњои наздишањрї, байнишањрї (байнивилоятї, дохиливилоятї) ва байналмилалї, бояд миќдори зарурии воситањои наќлиёти автомобилии мусофирбарро пешнињод намояд ва дар сурати аз љињати техникї корношоям будани баъзе аз онњо, онњоро бо воситаи наќлиёти автомобилии захиравї иваз намояд. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии дар терминалҳои мусофирбарӣ фаъолияткунанда барои амалӣ намудани фаъолияти ҳамлу нақли мусофирон ва бағоҷ ба сифати интиқолдиҳанда ҳуқуқ надоранд.

   39. Тибқи Қоидаҳои мазкур тартиби иљрои вазифаҳои зерини терминал муайян карда мешаванд:

      - ташкили фурўши ҳуљљатҳои саворагардї (чиптаҳо);

      - ташкили риояи љадвали ҳаракати автобусҳо, таксиҳои хатсайргард  дар хатсайрҳо;

      - таъмини меъёри риояи бехатарии ҳамлу накли мусофирон, гузаронидани муоинаи тиббии пеш аз сафари ронандагон ва санљиши ҳолати техникии воситаҳои нақлиёти автомобилї, агар интиқолдиҳанда имконияти иљрои ин вазифаҳоро надошта бошад;

      - таъмини иттилоотии мусофирон;

       - таъмини нигоҳдории бағољ ва бори дастї;

      - таъмини мусофирон бо шароитҳои мусоид ҳангоми интизорї ба оғози сафар;

      - ба дигар терминалҳо дар бораи љойҳои холї ё холишавандаи автобусҳо ва таксиҳои хатсайргард, ҳамчунин дар бораи тағйирот дар љадвали ҳаракат ё пешгузаштан (ақибмонї)-и муваққатии автобусҳо, таксиҳои хатсайргард аз љадвали ҳаракат, қатъ кардан ё дохил намудани сафари берун аз љадвал, равона кардани автобусҳо ва таксиҳои хатсайргарди иловагї иттилоъ додан;

      - иттилоотдиҳии ҳармоҳа ба мақоми ваколатдори Вазорати нақлиёти  Љумҳурии Тољикистон ва мақомоти иљроияи ҳокимияти давлатии  дар бораи вайрон кардани љадвали ҳаракат ва вайронкунии Қоидаҳои мазкур аз тарафи интиқолдиҳандагони хатсайрҳои мунтазами ҳамлу нақли мусофирон вабори дастиву бағољ.  

      40.  Терминалҳо бояд дорои иншоотҳои зерин бошад:

      - перрон барои саворшавї ва фуромадани мусофирон, нуқтаҳо барои боркунї ва фуровардани бағољ;    

      - майдонча барои таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёти автомобилї;

      - толори интизорї барои мусофирон;

      - хазинаҳо барои фурўши чиптаҳо, аз љумла, ҳуљљатҳои саворагардї (чиптаҳо);

      - бағољхона;     

      - нуқтаҳои танзимкунї;     

      - ҳуљраҳои санитарї – маишї барои кормандон ва мусофирон мутобиқи санадҳои – меъёрии амалкунанда;

      - ҳуљраҳои корї барои истироҳати ронандагон ва кондукторон.

      Терминалҳо ҳамчунин љойҳои зеринро бояд дошта бошанд:

      - дафтари маълумотдиҳї;

      - ошхона;

      - ҳуљраи модару кўдак;

      - нуқтаҳои муоинаи автобусҳо;

      - нуқтаи муҳофизати тартиботи љамъиятї;

      - нуқтаи ёрии таъљилии тиббї ва дўкончаи доруфурушї.

      41.  Дар вақти истифода аз бағољхона талаботҳои зеринро бояд риоя кард:

      - сарфиёти вақт барои супоридан ё қабули бағољ дар бағољхонаҳои ғайриавтоматикї бояд кам бошад;

      - нигоҳдории бағољи супоридашуда бояд дар љои хушк ва тоза, ҳарорати доимии мўътадилдошта таъмин карда шавад;

      - тирезаҳои маълумотдиҳии бағољхонаҳои ғайриавтоматикї, ки ба воситаи онҳо қабул ва супоридани бағољ амалї мегардад, бояд қисми поёнии он аз фарш, баландтар аз 70 см бошад ва аз тарафи берунии тиреза барои супурдани бағољ миз гузошта бошанд;

      - дар назди тиреза лавҳаи тартиби кори бағољхона, қабули бағољ барои нигохдорї, мўҳлат ва арзиши нигоҳдорї овехта мешавад;

      - бағољ барои нигаҳдорї новобаста аз мављуд будани ҳуљљатҳо қабул карда мешавад.

      42. Дар терминалҳо барои ронандаҳои автобусҳо ва таксиҳои хатсайргард хатсайрҳои байнишаҳрии интиқоли мусофирон, ки ҳангоми истироҳат ё хоб кардан мувофиқи шароити рељаи меҳнат ва истироҳат дар љойи ғайримуқимї воқеъ бошанд, бояд љойҳои махсуси истироҳат ва љои хоб таљҳизонидашуда људо карда шаванд.

      Ҳуљраҳои истироҳати ронандаҳо бояд љойњои шустушуй, оби хунук ва гарм, пардаҳои махсус барои рўзона торик кардани ҳуљра дошта бошанд. Ҳуљраҳо бо имконоти нигоҳдории ашёҳои қимматбаҳои ронанда, маблағи чиптаҳои ба фурўшрафта, варақаҳои ҳуљљатҳои саворагардї (чиптаҳо) ва хатти расиди бағољ таъмин карда мешаванд.

      43. Дар терминалҳо ҳуљраҳои модару кўдак, хизматрасонии мусофирони кўдакони то сини  5-сола дошта, занҳои ҳомила ва мусофирони аз аробачаи маъюбї истифодакунанда ташкил карда мешавад. Андозаи ҳуљраҳо, ҳамчунин шумораи хизматчиён бояд мувофиқи ҳаљми кори терминал бошанд.

      44. Дар терминалҳое, ки анбўњи мусофирон дар як шабонарўз автомобилҳо, зиёда аз 1000 нафар мусофир ҳаст, ҳуљраҳои модару кўдак бояд аз љойҳои зерин иборат бошанд:

      - љои қабул бо либосовезак;

      - ҳуљраи парпечкунии кўдак;

      - хонаи хоб;

      - хонаи яхдон ва обљўшондор;

      - ҳољатхонаи дастшякдор, маҳлули таъмизкунанда барои даст, сачоқ ва љевон барои оббозї;

      45. Дар хонаи модар ва кўдак мусофирони кўдакдор ва занҳои ҳомиладор барои муваққатан нишастан (ширдиҳї, парпечонї ва истироҳати кўтоҳмуддат то рафтани автобус ё таксии хатсайргард) ва ҳам барои дарозмуддат нишастан бо истифода аз љои хоб, қабул карда мешаванд.

       Ҳангоми ҳаракати мўътадили автобусҳо ва таксиҳои хатсайргард аз хонаи модар ва кўдак мусофирони кўдакдор танҳо то 3 рўз истифода бурда метавонанд.

       Ба мусофирони кўдакдор ва занҳои ҳомиладор имкон дода мешавад, ки ба воситаи навбатдори ҳуљраи кўдак ва модар бе пардохти ҳаққи чунин хизмат ҳуљљатҳои саворагардиро (чиптаҳоро) дастрас намоянд.

      46. Терминалҳо тибқи қонуни амалкунанда барои интиқолдиҳандагони хатсайрҳои байналхалқї, байнишаҳрии ҳамлу нақли автомобилии мусофирон ва бағољ, дар асоси шартномаи байни интиқолдиҳанда ва маъмурияти терминал хизмат мерасонанд.

      Илова бар ин хизматрасонии интиқолдиҳандагони мунтазами ҳамлу нақли автомобилии мусофирон ва бағољ танҳо бо пешниҳоди ҳуљљатҳои барои кор дар хатсайри мувофиқ ба фаъолият иљозатдиҳанда иљозат дода мешавад.

      47. Рўбучин ва шустани ҳуљраҳои терминалҳо аз рўи ифлосшавиашон дар як рўз на камтар аз ду бор сурат мегирад.

       48. Фурўши чиптаҳои саворагардї (чиптаҳо) аз тариқи хазинаҳои фурўши чиптаҳои терминалҳо ба роҳ монда мешавад. Дар сурати набудани хазинаҳои фурўш дар нуқтаҳои байни истгоҳҳои хатсайр, агар љои холии нишаст бошад, ҳамчунин, аз љониби ронанда ё кондуктори автобус, таксии хатсайргард мавриди ҳамлу нақли мусофирон ва бағољ дар фосилаи на зиёда аз 50 км сурат мегирад.

49. Дар терминалҳо дар баробари фуруши ҳаррўза, фурўши пешакии ҳуљљатҳои саворагардї (чиптаҳо), ҳамчунин ҳуљљатҳои саворагардї (чиптаҳо) бо истифодаи воситаҳои телекоммуникатсия ба хона дастрас кардани онҳо љорї карда мешавад.

 Барои фурўши пешакии ҳуљљатхои саворагардї (чиптаҳо), фурўши ҳуљљатҳои саворагардї (ҳуљљатҳо) бо истифодаи воситаҳои телекоммуникатсионї ва дастрас намудани онҳо ба хона тибқи тарифҳои муқарраркардаи терминалҳо ҳақ (минбаъд пардохти комиссионї) гирифта мешавад. Супоридани пардохти комиссионї бо хатти расиде, ки дар он номи қабулкунандаи пардохти комиссионї ва таърихи додани хатти расид нишон дода шудааст, тасдиқ мегардад.

50. Дар хазинаҳои фурўши пешакии ҳуљљатҳои саворагардї (чиптаҳо), аз љумла, ба қайд гирифтани таъинот барои чиптае, ки дар он воситаҳои телекоммуникатсия ва тарзи ба хона дастрас намудан истифода мешавад, 7 шабонарўз пешакї оғоз шуда, як рўз пеш аз сафари автобус, таксии хатсайргард қатъ мегардад.

      51. Фурўши ҳуљљатҳои саворагардї (чиптаҳо) дар хазинаҳои ҳаррўза як шабонарўз пеш аз сафар оғоз шуда, 5 дақиқа пеш аз ҳаракати автобус, таксии хатсайргард қатъ мегардад.

      52. Пардохти комиссионї новобаста аз ҳуқуқи имтиёздорї анљом мегирад ва љуброн карда намешавад.

      53. Ҳуљљатҳои саворагардї (чиптаҳо) бо истифодаи воситаҳои телекоммуникатсия дар хазинаҳои фурўши пешакии чиптаҳо нигоҳ дошта мешаванд ва бояд на дертар аз 3 соат пеш аз ҳаракати автобус, таксии хатсайргард талаб карда шаванд. Агар ҳуљљатхои саворагардї (чиптаҳо), ки бо истифодаи воситаҳои телекоммуникатсия фурўхта шудаанд, дар мўҳлати муқарраршуда дархост нашаванд, онҳо аз эътибор соқит шуда, ба хазинаи фурўши ҳаррўзаи чиптаҳо супорида мешаванд.

      54. Дар ҳолати гум шудани ҳуљљатҳои саворагардї (чипта) ва мурољиати мусофир ба хазинаи чиптафурўшии терминал ё интиқолдиҳанда на дертар аз 3 соат пеш аз ҳаракати автобус, таксии хатсайргард, агар интиқолдиҳанда ё терминал тасдиқ кунанд, ки мусофир дар ҳақиқат ҳуљљати саворагардї (чипта) харида буд, чипта бе пардохт барқарор карда мешавад.

      55. Ҳангоми аз љониби мусофир то ба сафар баромадани автобус, таксии хатсайргард ба хазинаи чиптафурўшии терминал баргардонидани ҳуљљати саворагардї (чипта) ба ў ҳақи пардохти ҳуљљати саворагардї (чипта) баргардонда шуда, пуле, ки маъмурияти терминал барои бољи комиссионї  тибқи нархнома пешбинї намудааст, аз ин пардохт кам карда мешавад.

      56. Ҳангоми баргардонидани ҳуљљати саворагардї (чипта) дар мавриди дер мондан ба автобус, таксии хатсайргард 50% нархи чипта љуброн карда мешавад.

      57. Дар ҳолати ба сафар дер мондани автобусҳо ва таксиҳои хатсайргард дар хатсайри байнишаҳрї ва байналмилалї, ба истиснои ҳолатҳое, ки таъхир ё дермонї дар натиљаи омилҳои ҳалнашаванда ба миён омадааст, интиқолдиҳанда тавассути хазинаи чиптафурўшии терминал барои ҳар соати дермонии автобус, таксии хатсайргард ба ҳаљми се дар сади арзиши сафар ба мусофир љарима медихад. Лекин маблағи љарима аз арзиши чиптаи харидаи мусофир набояд зиёд бошад. Ба љуз аз љарима, зарари ба мусофир расида низ љуброн карда мешавад.

      58. Дар ҳолати бо сабаби таъхири автобус, таксии хатсайргард аз сафар даст кашидани мусофир дар нуқтаи сафар ба ў андозаи роҳкирои додааш пурра баргардонида, ҳамчунин зарари додааш љуброн карда мешавад.

      59. Ҳангоми қатъи сафари мусофир бо сабаби беморї ё ҳодисаи нохуш, ки бо пешниҳоди хуљљати муассисаи тиббї тасдиқ шудааст, ё санади ҳодисаи нохуш, ки онро мақомоти маҳаллии ҳифзи ҳуқуқ ё тиббї тасдиқ намудаанд, интиқолдиҳанда ба мусофир барои сафари нопурра арзиши роҳкироро љуброн мекунад.

      60. Ҳангоми бо сабабҳои роҳ, иқлим ё сабабҳои дигар то љои таъиншуда бурда натавонистани мусофир, ки ба интиқолдиҳанда вобаста нестанд, арзиши роҳкиро аз маҳалли қатъи сафар то маҳалли таъиншуда дар мўҳлати ҳашт соат баргардонида мешавад. Дар сурати баргаштани автобус, таксии хатсайргард ба маҳалли ҳаракат ба мусофир арзиши пурраи роҳкиро ва бағољ чуброн карда мешавад.

      61. Дар ҳолати бо сабабҳои техникї дар ҳатсайр ҳаракат карда натавонистани автобус, таксии хатсайргард чиптаҳои ба мусофирон фурўхташуда барои сафар бо автобус ва таксии хатсайргард, ки интиқолдиҳанда иваз кардааст, автобус ё таксии хатсайргарди дигари ин хатсайр эътибор дорад.

      62. Ҳангоми аз љониби интиқолдиҳанда ба автобус, таксии хатсайргарди дигар шинондани мусофир, ки љои ў бо нархи гаронтар дар чипта нишон дода шудааст, сафар тибқи ҳуљљатҳои саворагардї (чиптаҳо) бе пардохти иловагї сурат мегирад.

      63. Ҳуљљатҳои саворагардї (чиптаҳо) барои хатсайрҳои байнишаҳрї ва байналхалқии ҳамлу нақли мусофирон ва бағоч бо автобус, таксии хатсайргард барои љои нишаст фурўхта мешаванд.

      64. Дар терминалҳо ба хотири таъмини мусофирон бо иттилооти саҳеҳу дақиқ ва саривақтї оид ба ҳаракати автобусҳо, таксиҳои хатсайргард шарту шароити сафар, интиқоли бағољ ва хизматгузориҳои дигар хадамоти маълумотдиҳию иттилоотї ташкил карда мешаванд.

      Таъмини иттилооти мусофирон тавассути иттилоотномаи айёнии баландгўяк ва иттилои шифоҳї ба роҳ монда мешавад.

      65. Иттилои айёнї дар тамоми шабонарўз бояд мазмуни хуб ва возеҳу мукаммал дошта бошад.

      Агар терминал ба таври шабонарўзї кор накунад, дар ин сурат, аз берун иттилои зайл овехта мешавад:

      - љадвали ҳаракати автобусҳо, таксиҳои хатсайргард, ки мутобиқи хатсайр аз ин терминал мегузаранд;

      - вақти кори терминал.

      66. Љадвали ҳаракати автобусҳо, таксиҳои хатсайргард бояд чунин маълумот дошта бошад:

      - рақами хатсайр;

      - номи хатсайр;

      - вақти харакати автобус, таксии хатсайргард;

      - вақти расидан ба нуқтаи интиҳої;

      - вақти расидан ба терминали мазкур ва вақти таваққуф (барои сафари гузаро – транзитї).

      67. Иттилои айёнии хазинаҳои чиптафурўшї бояд чунин муҳтаво дошта бошад:

      - рақами хазинаи чиптафурўшї;

      - тахассус;

      - тартиби кор;

      - рўйхати мусофироне, ки мутобиқи муқаррароти қонунгузорї ҳуқуқи бе навбат чипта хариданро доранд;

      - шарту шароити сафари шахсони имтиёзноки мусофирони алоҳида;

      - ному насаби чиптафурўш.

      68. Иттилоъ додани мусофирон бо баландгўяк тавассути шабакаи пахши терминал сурат мегирад.

         Садои баландгўяк бояд ба қоидаву меъёрҳои санитарї мутобиқ бошад.

      69.  Номгўи ҳатмии иттилоотї тавассути баландгўяк паҳншаванда аз ахбори зерин иборат аст:

      - вақти омадани автобусу таксии хатсайргард;

      - вақти оғози ба автобус, таксии хатсайргард савор шудан (15 дақиқа пеш аз сафар) ва вақти ҳаракати автобус (5 дақиқа пеш аз сафар);

      - истифодаи иловагии воситаи нақлиёт ва фурўши ҳуљљатҳои саворагардї (чиптаҳо) ба онҳо;

      - кам ё зиёд шудани вақти таваққуфи автобус ва таксии хатсайргард гузаро;

      - тартиби қабул ва нигоҳдории бағољ;

      - номгўи намуди хизматрасониҳои асосї барои мусофирон.

      Эълони номгўи хизматрасонии асосї барои мусофирон дар фосилаи эълон оид ба омадан ва рафтани автобусҳо, таксиҳои хатсайргард  пахш мегардад. Ҳар эълон ба забонҳои давлатию русї такрор мегардад.

      70. Иттилои шифоҳиро ба мусофирон иттилодиҳандаи дафтари маълумотдиҳї медиҳад. Дафтари маълумотдиҳї бояд бо навиштаљоти зерин таъмин бошад:

      - лавҳаи зебои «Дафтари маълумотдиҳї» - ба забонҳои давлатию русї бо сабти вақти корї ва ному насаби маълумотдиҳанда;

      - љадвали ҳаракати автобусҳо, таксиҳои хатсайргард бо нишон додани вақти ҳаракат аз терминали мазкур, вақти расидан ба нуқтаи интиҳої ва вақти омадани ҳамаи автобусҳо, таксиҳои хатсайргард ба ин терминал;

      - љадвали ҳаракати автобусҳо, таксиҳои хатсайргарди терминалҳои дигар, ки терминали мазкур бо онҳо рафтуомади мустақими дорад;

      - руйхати арзиши чиптаи сафар ва интиқоли бағољ дар ҳама хатсайрҳо, ки терминали мазкур ба роҳ мондааст;

      71.  Номгўи ҳатмии иттилооте, ки аз дафтари маълумотдиҳї дода мешавад, аз инҳо иборат аст:

      - вақти сафар ва омадани автобусҳо, таксиҳои хатсайргарди терминал;

      - вақти омадан ва таваққуфи ҳамаи автобусҳо, таксиҳои хатсайргарди аз терминали мазкур сафаркунанда, дар ҳама нуқтаҳои таваққуфии хатсайр (танҳо барои терминал);

      - намуд ва тамғаи автобус, таксиҳои хатсайргард мувофиқи љадвал ба сафар бароянда;

      - љадвали ҳаракати автобусҳо, таксиҳои хатсайргард  аз рўи хатсайрҳои вилоятї, ҳамчунин, хатсайри вилоятҳои дигар, ки терминали мазкур бо онхо рафтуо дорад;

      - рўйхат ва арзиши хизматгузориҳое, ки терминали мазкур ба мусофирон мерасонад;

      - арзиши роҳкиро ва интиқоли бағољ;

      - қоидаҳои сафари мусофирон ва интиқоли бағољ бо автобусҳо, таксиҳои хатсайргард аз нав ба қайдгирии ҳуљљатҳои саворагардї (чиптаҳо), барои сайри дигар, ҳамчунин тартиби баргардонидани арзиши роҳкиро ва интиқоли бағољ дар ҳолатҳои сурат нагирифтани сафар;

      - љойгиршавии ҳуљраҳо ва тартиби кори хадамоти ин терминал.

     72.  Нуқтаҳои саворшавї ва фуромадани мусофирон чунин таљҳизонида мешаванд:

      - пешайвонҳо;

      - чароғоние, ки ба саворшавии мусофирон ба автобусҳо, таксиҳои хатсайргард ва фуромадани онҳо, супурдану гирифтани бағољ, хондани суроға дар шабҳангом мусоидат мекунанд.

      - аломатҳое, ки рақами майдончаҳои саворшавї доранд ва љои ба автобусҳо, таксиҳои хатсайргард саворшавиро нишон медиханд;

      - колонкаҳои баландгўяк барои огоҳкунии мусофирон, панљарадарҳое, ки майдончаҳои саворшавиро аз қисми роҳи саворагардї људо мекунанд;

      - љиҳоз барои савор кардан ва фуровардани мусофирони маъюб;

      - доруқуттиҳо;

      Нуқтаҳои саворшавї ва фуромадани мусофирон бо канораҳо иҳота шуда, бояд на камтар аз 22 см баландтар аз сатҳи роҳи саворагардї бошанд.

      73. Мавриди тартиб додани тарзи ҳаракати автобусҳо, таксиҳои хатсайргард дар ҳудуди терминал инҳоро бояд ба назар гирифт:

      - гардиш танҳо ба тарафи рост ҳангоми баромадан ва дохил шудан ба майдонча;

      - таљҳизонидани нуқтаи гардиши автобусҳо, таксиҳои хатсайргард  дар кўчаҳои пайвастшаванда;

      - љойгузории автобус, таксиҳои хатсайргард  дар назди майдончаи саворшавї ва фуромадани мусофирон танҳо бо паҳлўи рост;

      - роҳ надодан ба хатти буриши ҳаракати автобусҳо, таксиҳои хатсайргард бо хатти буриши ҳаракати мусофирон;

      74. Барои таъмини бехатарии гаштории автобусҳо, таксиҳои хатсайргард  дар ҳудуди терминал зарур аст, ки на танҳо нуқтаҳои саворшавї ва фуромадани мусофирон, балки тамоми қаламрави терминал мунаввар шуда, панљараҳое дошта бошанд, ки нуқтаҳои саворшавї ва фуромадани мусофиронро аз қисми роҳи саворагард људо мекунанд.

      75. Вақти автобусҳо, таксиҳои хатсайргард  ба майдончаи саворшавї ҳозиршуда аз зудии ба сафарбарории он ва миқдори майдончаҳои саворшавї вобаста буда, аз рўи кори технологии терминал сурат мегирад, лекин ин вақт барои автобусҳо, таксиҳои хатсайргарди  хатсайри байнишаҳрї на бояд камтар аз 15 дақиқа то ба сафар баромадан ва барои автобусҳо, таксиҳои хатсайргард  хатсайри наздишаҳрї на камтар аз 10 дақиқа бошад.

      76. Вақти кории бағољхона вобаста аз тартиби кори терминал, љадвали ҳаракати автобусҳо, таксиҳои хатсайргард  ва шароити маҳал муқаррар карда мешавад. Танаффуси нисфирўзии анборчї дар бағољхонаи ғайриавтоматї дар соатҳои камтар будани автобусҳо,  таксиҳои хатсайргарди  хатсайри байнишаҳрї муқаррар шуда, бағољхона бояд на дертар аз 15 дақиқа пеш аз ҳаракати автобус, таксиҳои хатсайргард  навбатї кушода бошад.

      77. Бағољ барои нигоҳдорї бо ҳар гуна баста новобаста аз шакли беруниаш (љомадон, борхалта, баста, зарфи шишагин), қабул карда мешавад. Ашёи алоҳидаро (лижа, аробачаҳо, љиҳози варзишї ва ба инҳо монанд) ба бағољхона бе баста кабул кардан мумкин аст. Баста бояд беосебии борро ҳангоми аз чо ба љое  бурдан ва дар рафҳои бағољхона нигоҳ доштан таъмин намояд.

      Ҳангоми қабули бағољ ба бағољхона бадоштии баста тафтиш карда шуда, дар сурати номувофиқии он аз мусофир хоҳиш мешавад, ки онро дуруст намояд.

      Ашёе, ки аз рўи хосияту таркибашон метавонанд борҳои дигаронро ифлос кунанд ё зарар оранд, ҳамчунин маводи оташангез, тарканда, бадбуй, заҳролудкунанда, заҳрнок, сўзонанда барои қабул роҳ дода намешавад.

      Бағољхона барои вайроншавии табиии бағољи супурда љавобгар нест.

      78. Ҳангоми ба бағољхонаи ғайриавтоматї супурдани бағољ ба соҳиби он бо нишондодҳои зерин хатти расид дода мешавад:

      - суроға, раками бағољхона;

      - таърихи рўз;

      - ному насаб ва хонаводагии соҳиби бағољ;

      - миқдори љои бағољи барои нигоҳдорї қабулшуда;

      - мўњлати нигоҳдорї;

      - арзиши бағољ, барои нигохдорї, иллатҳои бастаи бағољ (агар бошанд).

      79.  Агар мавриди қабули бағољ иллатҳои баста ошкор гарданд, онҳоро соҳиби бағољ дуруст ё мављудияташонро дар лавҳаи хатти расид бо имзо тасдиқ мекунад.

      80.  Хатти расиди бағољ ва нусхаи он бо қоғази нусхагузарон навишта, бо хати хоною беислоҳ пур карда мешавад. Нусхаи хатти расид ба бағољи барои нигоҳдорї супурда часпонда, нусхаи аслии он ба мусофир дода мешавад.

      81. Бағољи барои нигохдорї супурдаи мусофирро корманди бағољхона аз рўи хатти расид медиҳад. Ҳангоми супурдани хатти расиди мусофир ба нусхаи он муқоиса, мўҳлати нигохдории бағољ тафтиш ва бо соҳиби он ҳисобу китоби ниҳої карда мешавад.

      Ҳангоми гум шудани хатти расид бағољи барои нигохдорї қабулшуда бо аризаи хаттї ва далели босубот оид ба мансубияти бағољ ба соҳибаш дода мешавад. Бағољ дар ин сурат бо забонхате дода мешавад, ки дар он ному насаб ва номи хонаводагии соҳиби бағољ мутобиқи ҳуљљатҳои шахсияташро тасдиқкунанда навишта шудааст.

      82. Ҳаққи нигоҳдории бағољ барои ҳар рўзи тақвимї бо иловаи рўзи қабул ва рўзи додани бағољ барои ҳар як љои бағољ пардохта мешавад.

      Мавриди барои нигохдорї супурдани бағоље, ки андозааш аз як љои бағољ зиёд аст, ҳақи он барои ҳар як љой алоҳида гирифта мешавад.

      83. Ҳаққи бағољи бо бағољмонаки автомобил ба нуқтаи таъин овардашуда барои ҳар рўзи тақвимї, аз соати 00-и рўзи дигар бо иловаи рўзи додани бағољ аз бағољхона барои ҳар як љой пардохта мешавад.

       Ҳангоми бағољро ба нигоҳдорї супурдан мусофир метавонад ашёи онро пардохти комиссионї эълон бикунад.

      84. Ҳангоми бағољро ба нигоҳдорї супурдан мусофир метавонад арзиши ҳар ашёи супурдааш ё арзиши умумии бағољашро эълон бикунад.

      Маблағи эълоншуда дар хатти расиди бағољ нишон дода мешавад.

      85. Дар сурати камомад ё зарар дидани бағољ бо иштироки соҳиби бағољ, намояндаи интиқолдиҳанда ё корманди бағољхона, корманди терминалҳо ва ходими хадамоти хифзи ҳуқуқ дар ду нусха санад тартиб дода мешавад.

      Дар санад ному насаб, номи хонаводагї, суроғаи соҳиби бағољ, миқдори љойҳои қабулшудаю додашуда, номгўи ашёи гумшуда ё навъи зарари расида, маблағи эълоншудаи ашё, агар бо ҳуљљаат тасдиқ гардида бошад, нишон дода мешавад.

      Як нусхаи санад ба соҳиби бағољ дода мешавад.

      86. Подоши зарари дар натиљаи гум шудани бағољ ё камомаду халалдор гаштани ашёи ба бағољхона супурда то ҳадди маблағи асосии он аз љониби нигоҳдоранда дар мўҳлати бисту чор соати баъди дархости љуброн ба соҳиби бағољ баргардонида мешавад.

 

Боби VI

ТАШКИЛИ РАҲНАМОИИ ҲАРАКАТИ АВТОМОБИЛҲО ТАВАССУТИ ТАНЗИМГАРОН

     

        87. Раҳнамоии танзимї ин идоракунии ҳаракат, назорати пайвастаи риояи љадвал ва танзими саривақтї барои таъмини мураттабу мунтазами ҳаракати автобусҳо, таксиҳои хатсайргарди дар хатсайрҳо, ҳамчунин мутобиқсозии љараёни технологии ҳамлу нақли мусофирон бо тамоми намуди нақлиёт мебошад.

       Раҳнамоии танзимиро хадамоти танзимкунанда ба роҳ мемонад.

      88. Вазифаҳои асосии хадамоти танзимкунанда аз инҳо иборат аст:

      - назорат аз рўи саривақт рафтану омадани автобусҳо, таксиҳои хатсайргард  ба нуқтаҳои аввал, охир ва мобайнии хатсайрҳо;

      - назорат ва ба низом овардани ҳаракати автобусҳо, таксиҳои хатсайргард  дар хатсайрҳо;

      - интиқолдиҳандагону мусофирон, хадамоти танзимкунандаи терминалҳои дигарро аз хусуси мушкилиҳои сафар дар хатсайр, аз љумла, маҳдуд ё манъ шудани ҳаракат, ки ба шароити иқлиму обу ҳаво ё худ сабабҳои дигари дар роҳ рухдода вобастаанд, хабардор кардан;

      - љобаљокунии мусофирон ҳангоми маҳдуд ё манъ шудани ҳаракат дар хатсайр, бо сабабҳои шароиту иқлими обу ҳаво ё ҳодисаҳои дигар, ки дар роҳ рух додаанд;

      - кормандони хадамоти роҳ, милисаи нақлиёт, ҳолатҳои фавқулодаро аз хусуси мушкилиҳои сафар дар хатсайр, аз љумла, маҳдуд ё ғайриимкон будани ҳаракат бо сабабҳои шароити иқлим, омилҳои дигари дар роҳҳо ба миён омада ва бо ин сабабҳо саривақт нарасидани автобусҳо, таксиҳои хатсайргард  хабар намудан;

      - назорати саривақт омода шудани автобусҳо, таксиҳои хатсайргард  барои савор кардани мусофирон ва боркунии бағољ бо риояи талаботи санитарии дар мўҳлати тибқи љадвал муқарраршуда;

      - назорати пеш аз хатсайри муоинаи тиббии ронандагон ва тафтиши ҳолати техникии автобусҳо, таксиҳои хатсайргарди (бо доштани ҳуљљатхое, ки хадамоти марбутаи терминал ё интиқолдиҳанда тасдиқ кардаанд);

      - назорати риояи тартиби меҳнат ва фароғати ронандагони автобусҳо, таксиҳои хатсайргард;

      - кормандони хадамоти танзимкунандаи терминалҳои дигарро аз хусуси будани љои холї ё холишаванда дар автобусҳо, таксиҳои хатсайргард  ҳамчунин оид ба тағйирот дар љадвали ҳаракат ё вақти барвақтар (дертар) омадани автобусҳо, таксиҳои хатсайргарди, бекор ё илова намудани сафарҳои иловагї, ки дар љадвал ба назар гирифта нашудаанд, фиристодани автобусҳо, таксиҳои хатсайргард  иловагї хабардор кардан;

      - ба расмиятдарории ҳуљљатҳои сафар ва ба роҳ мондани дафтари қайди танзим;

      - тафтиши ҳуљљатҳои иљозатдиҳандаи ронанда (шаҳодатнома ё иљозатнома, нақшаи хатсайрҳо, роҳхат барои ба роҳ мондани ҳамлу нақли мусофирон дар хатсайри муайян);

      - ҳармоҳа  маълумот додан ба мақоми ваколатдори Вазорати нақлиёти  Љумҳурии Тољикистон ва мақомоти иљроияи ҳокимияти давлатии шањрњо аз хусуси қатъ ё халалдор шудани љадвали ҳаракат, қоидавайронкуниҳои Қоидаҳои мазкур, ки аз љониби интиқолдиҳандагони  ҳамлу нақли мунтазами мусофиру ва бори дастиву бағољ бо автомобил рух   медиҳанд.  

      89. Дар сурати халалдор шудани ҳаракати автобусҳо, таксиҳои хатсайргард ҳаракати фаврии танзимшавандаи он ба роҳ монда мешавад.

      Танзими фаврии ҳаракат чунин сурат мегирад:

      - дар ҳолати дер омадани автобус, таксиҳои хатсайргард  таваққуфи (исти) автобус, таксиҳои хатсайргард  на камтар аз сеяки вақти исти дар љадвал муқараршуда кам карда мешавад (ист то панљ дақиқа кўтоҳ карда намешавад). Мусофирони автобусҳо, таксиҳои хатсайргард  бояд аз кўтоҳ шудани вақти ист огоҳ карда шаванд;

      - ҳангоми афзудани вақти таъхир ба нуқтаи интиҳоии хатсайр, агар имкони саривақт ба автобус, таксиҳои хатсайргард  таъмин кардан ва ба љои аввал бурдани мусофир набошад, воситаи нақлиёт бо воситаи нақлиёти эҳтиётї таъмин карда мешавад;

      - дар ин сурат суръати харакат аз суръати дар Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ муқарраргашта зиёд нашуда, ҳангоми таъхири автобус, таксиҳои хатсайргард  на камтар аз даҳ-понздаҳ фоизи меъёри муқарраршударо ташкил медиҳад. Зиёдшавии суръат набояд бехатарии ҳаракатро халалдор кунад, ҳамчунин ба афзудани суръат дар хатсайрҳои мушкилгузари кўҳї, ё ҳангоми пеш омадани душвориҳо бо сабабҳои иқлимї ва шароитҳои дигар иљозат дода намешавад;

      - ҳангоми аз вақти муқаррар шуда пештар омадани автобус, таксии хатсайргард  вай то вақти дар љадвал муқарраршуда боздошта мешавад;

      - ҳангоми халалдор шудани хатти сафар;

      - автобус, таксии хатсайргарди  наомада бо автобус, таксии хатсайргарди эҳтиётї (резерв) иваз карда мешавад;

      - агар ҳамаи мусофирон дар солуни як автобус, таксии хатсайргард мувофиқи љойхо љобаљо шуда тавонанд, ду сафари як хатсайр як љо карда мешавад;

      - иваз кардани автобусҳо, таксиҳои хатсайргарди як хатсайр ва мутобиқ намудани онҳо ба љадвали аввала (ба љои автобус, таксиҳои хатсайргарди бо сабабҳои техникї наомада ё аз хатсайр беруншуда) аз ҳисоби вақти холї истифодаи автобус, таксиҳои хатсайргарди байнихатии сафарї бо истифодаи автобус, таксиҳои хатсайргарди эҳтиётї ба роҳ монда мешавад.

      90. Агар таъхири ба сафар баромадани автобус, таксиҳои хатсайргард  аз бист дақиқа зиёд бошад, он гоҳ танзимгар ба нуқтаи дигари танзими хатсайр ва дар мавриди набудани автобус, таксии хатсайргард  ба ҳамаи нуқтаҳои танзими дар хатсайр буда хабар медихад.

      Танзимгар оид ба бекор шудани хатсайр, ба сафар баромадани автобус, таксиҳои хатсайргарди аз рўи љадвал муайяншуда ё аз хусуси воситаи нақлиёти иловагї бо нишон додани вақти аниқи ҳаракат ва вақти тахминии омада расидани он ба нуқтаҳои охир ва мобайнии танзим хабар медихад.

      91. Ҳангоми ба сафар фиристодани автобус, таксии хатсайргард танзимгар муоинаи пешазсафарии (пеш аз қабули басти корї) ронанда, ҳамчунин ҳуљљатҳои пеш аз сафарии ҳолати техникии автобус, таксии хатсайргардро  (ҳуљљатҳои аз љониби хадамоти терминал ё интиқолдиҳанда тасдиқшуда) аз назар гузаронда, аз ин хусус дар роҳхат қайдҳои даркорї мегузорад.

      92.  Автобус, таксиҳои хатсайргарде, ки аз тафтиши пеш аз сафарї (пеш аз қабули басти корї), ҳамчунин ронандаҳое, ки аз муоинаи тибии пеш аз сафарї (пеш аз қабули басти корї) нагузаштаанд ё тартиби муқарраршудаи меҳнату истироҳатро риоя накардаанд, ба сафар иљозат дода намешаванд.

      93. Дар ҳолати бо сабабҳои мушкилоти иқлимї мутобиқи љадвали наомадани автобус, таксии хатсайргард  танзимгар барои муайян намудани сабабҳои таъхир тадбирҳо андешида, аз ин хусус ба нуқтаи марказии танзим ва интиқолдиҳандае, ки ба хатсайри мазкур хизмат мерасонад, бо мақсади кўмаки зарурии техникї расонидан ба автобус, таксии хатсайргард  ва интиқоли мусофир ба љои таъиншуда хабар медихад.

      94. Манзили танзимгарон аз толори фаъол (хазинаҳои чиптафурўшї) људо буда, бояд ба нуқтаҳои саворшавї ва фуромадани мусофирон роҳи баромад дошта бошад.

      95. Љойгиршавии манзили кори танзимгар бояд чунон бошад, ки ў имкони назорати  майдончаҳои саворшавию фаромадан, рафтуомади автобусҳо, таксиҳои хатсайргардро  дошта бошад, ҳамчунин бо дастгоҳи идоракунии махсус, идоракунии иттилоотї, дастгоҳи баландгўяк таљҳизонида, бо маъмурияти терминал. хазинаҳои чиптафурўшї, дафтари маълумотдиҳї ва бо нуқтаи маркази хадамоти танзим алоқаи техникии дохилї дошта бошад.

       Љои танзимгар ҳамчунин бояд бо алоқаи телефонї ё электронї (радиоалоқа) бо нуқтаҳои дигари танзим, ки дар шабакаи хатсайр хизмат мерасонанд, таъмин бошад.

                                 

Боби VII

 

ТАЛАБОТ НИБАТ БА «ИНТИҚОЛДИҲАНДА»

 

96. Барои риоя намудани љадвали ҳаракати хатсайри мусофирбари, мутобиқи шартномаи ќабулшуда бо маќоми ваколатдори Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон, интиќолдињанда новобаста аз шакли моликият ва мансубияти идоравиаш иљрои талаботи зеринро таъмин менамояд:  

- дар хатсайрҳои шаҳрї автобус, таксии хатсайргардро ба нуқтаи танзим ва дар хатсайрҳои наздишаҳрї ва байнишаҳрї ба терминали мусофирбар 10-12 дақиқа пеш аз вақти мутобиқи љадвали ҳаракат муайяншуда равона менамояд, ки он ба қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз љиҳати техникї љавобгў аст ва дорои таљҳизоти мувофиқ ва ҳуљљатҳои ронандагї мебошад;

      - таъмин намудани автобусҳо, таксиҳои хатсайргард  бо ронандагони дараљаи мувофиқ ва собиқаи корї на кам аз 3 сол;

      - гузаронидани муоинаи ҳаррўзаи тибии ронандагон ва муоинаи техникии автобус, таксии хатсайргард  ва таксї пеш аз сафар;

       - барои ронандагон омўзиши курсњои 20-соатаи Ќоидањои таъмини бехатарии њаракат дар роњ ва одоби муоширати бо мусофиронро ташкил намояд;  

      - риоя намудани интизоми ҳамлу нақл ва меъёрҳои ғунљоиш дар автобус, таксии хатсайргард ва таксї;

      -таъмини рељаи кори муайяншуда ва истироҳати ронандагон;

      - људо намудани автобусҳо, таксиҳои хатсайргард мутобиқи муқаррароти љадвали ҳаракат;

      - таъмин ва нигоҳубин намудани нишондиҳандаҳои љадвали ҳаракат дар хатсайрҳо;

      - иљро намудани мунтазамнокии ҳаракат дар хатсайрҳои вобасташуда;

      - иљро намудани шартҳои озмун, қарордоди байни мақоми ваколатдори Вазорати нақлиёти Љумҳурии Тољикистон ва шартнома бо терминали мусофирбар;  

      - қайд намудани варақаҳои мунтазамии ронандагон оид ба омадан ва ба сафар баромадани воситаҳои нақлиёти автомобилї дар нуқтаҳои оғоз, миёна, нуқтаҳои охир, дар нуқтаҳои танзимкунї дар хатсайрҳои шаҳрї ва дар терминалҳои мусофирбар ва нуқтаҳои танзимкунї дар хатсайрҳои байналмиллалї, байнишаҳрї ва наздишаҳрї;

      - захиракунии автобусҳо, таксиҳои хатсайргард барои баланд бардоштани мунтазамии ҳаракат ва сифати хизматрасонї ба мусофирон;

      - таъмини бехатарии интиқоли мусофирон;

      - сари вақт иваз намудани автобус, таксии хатсайргарди  корношоямшуда дар роҳ дар муддати як соат ва ё бозгардонидани маблағи роҳкиро;

      - бо чипта таъмин намудани ронандагон барои таъмини мусофирон дар хати сафар дар ҳолати мављуд набудани терминалҳои мусофирбарї;

      - таъмин намудани ҳифзи бағољи супоридаи мусофирон;

      - таъмини иттилоотии мусофирон дар сафар;

      - таъмин намудани муоинаи тиббии ҳарсолаи ронандагон;

     - таъмини пардохти роҳкиро дар хатсайрҳои шаҳрї, наздишаҳрї ва байнишаҳрї тибқи тарифҳои муқарраркардаи Вазорати нақлиёти  Љумҳурии Тољикистон, дар ҳолати набудани терминалҳои мусофирбарї;

           -мавҷудияти таваққуфгоҳҳои ҳифзшаванда барои нигоҳдории воситаҳои ҳаракаткунанда;  

- мавҷудияти базаҳои истеҳсолӣ - техникӣ барои таъмир ва хизматрасониҳои техникии воситаҳои ҳаракаткунанда;  

- мавҷудияти хадамоти бехатарии ҳаракат дар роҳ бо нақлиёти автомобилии хизматӣ;  

 -таъмини воситањои наќлиёти бо таљњизоти махсус муљањњазгардонидашуда, дар хатсайрњои вобасташуда, то ин, ки маъюбон имконияти истифодаи бемамониятро аз ин воситаи наќлиёт дошта бошанд .

 

Боби VIII

     

ВОБАСТАКУНИИ ХАТСАЙР

 

97. Дар хатсайрњои амалкунанда бо маќсади муайян намудани интиќолдињанда ва минбаъд вобаста намудани хатсайр:  

- барои пешнињоди хизматрасонињои наќлиётї ба мусофирон дар байни корхона (љамъият)-њои наќлиётии истифодаи умум, инчунин ширкатњои оддї озмун (тендер) гузаронида мешавад. Барои гузаронидани озмун (тендер)  на кам аз 2 корхона (љамъият) бояд иштирок намояд  

 - дар њолати баргузор нагардидани озмун (тендер): дар хатсайрњои байналмилалї-Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон, дар хатсайрњои байнишањрї (дохиливилоятї ва байнивилоятї), наздишањрї, шањрї ва шањраку дењот - маќоми ваколатдори Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон, дар хатсайрњои шањри Душанбе - маќомоти иљроияи мањалии њокимияти давлатии шањри Душанбе довталабонро  ба хатсайрњо ба муддати то як сол вобаста намуда, баъди пайдо шудани довталаби нав озмун (тендер)-ро аз нав эълон менамояд.  

 - аз рўи натиљаи озмун (тендер) байни интиќолдињанда ва ташкилкунандаи озмун (тендер)  шартнома баста мешавад. Њамин гуна шартнома барои хатсайри азнавкушодашуда барои хизматрасонии муваќќатї то гузаронидани озмун (тендер) тартиб дода мешавад.   

       

                                                                                             

Боби IХ

 

ХАТСАЙРҲОИ МУНТАЗАМИ НАЗДИШАҲРЇ ВА ШАҲРИИ ҲАМЛУ НАҚЛИ МУСОФИРОН БО НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛЇ

 

          98. Хатсайрҳои мунтазами наздишаҳрї ва шаҳрии ҳамлу нақли мусофирон бо нақлиёти автомобилї мутобиқи шабакаи хатсайрҳои аз тарафи мақоми ваколатдори Вазорати нақлиёти  Љумҳурии Тољикистон ва мақомоти иљроияи мањаллии ҳокимияти давлатии шањру ноњияњои љумњурї,  ки дар асоси маљмўъаи сохтори рушди нақлиёти мусофирбарї ва таҳлили селаи мусофирон ташкил шудааст ва бо дархостҳои шаҳрвандон ба роҳ монда мешаванд.  

          99. Шабакаи хатсайрҳои мунтазами ҳамлу нақли мусофирон бо нақлиёти автомобилї бояд тавре ташкил карда шавад, ки дар як самт ҳаракат намудани фаъолияти ду хатсайр дар хатсайрҳои наздишањрї на камтар аз 80% ва дар хатсайрњои шаҳрї на камтар аз 50% (дарсад)-и истгоҳ (масофаи дарозии хатсайр)-ро ташкил намояд.  

        100. Хатсайрҳои мунтазами шаҳрї ва наздишаҳрии ҳамлу нақли мусофирон бо нақлиёти автомобилї аз рўи яке аз рељаҳои зерин ба роҳ монда мешаванд:

      - муқаррарї (дар  хатсайрҳои мунтазами шаҳрии ҳамлу нақли мусофирон бо нақлиёти автомобилї), ки бо автобусҳо, таксиҳои хатсайргарди шаҳрие, ки на кам аз ду дари саворшавї ва фуромадани мусофиронро дошта бошад;

      - муқаррарї (дар хатсайрҳои мунтазами наздишаҳрии ҳамлу нақли мусофирон бо нақлиёти автомобил), ки бо автобусҳои шаҳрї, таксиҳои хатсайргард бо мављудияти истгоҳҳои дар ҳамаи нақшаи хатсайр нишондодашуда, ки масофаи байнашон дар ҳудуди шаҳр аз 400 то 800 м бошад;

      - бо тариқи босуръат ҳаракат кардан (экспрессї) (фақат барои ҳамлу нақли шаҳрї), ки на зиёда аз ду дари мусофирдарої дошта ва бо мављудияти истгоҳҳои дар нақшаи хатсайрҳо нишондодашуда, ки масофаи байни онҳо бояд аз 1,5 то 3,0 км –ро дар бар мегирад, доранд.

       101. Мутобиқи хусусиятҳои хизматрасонї ба аҳолї, хатсайрҳои мунтазами шаҳрї ва наздишаҳрии  ҳамлу нақли мусофирон метавонад чунин моҳият дошта бошад:

      - доимї, дар давоми марҳилаи шабонарўзї ташкилшуда ё дар давоми тамоми ҳафта амалкунанда;

      - иловагї, дар рўзҳои муайян ё дар давоми як шабонарўз (рўзҳои истироҳат ва ид ё анбўҳи мусофирон) амалкунанда;

      - мавсимї, дар марҳилаи пешакї ташкилшудаи фосилаи вақт (дар мавсими истироҳат, чорабиниҳои варзишї- тандурустї) амалкунанда;

      - муваққатї, кўтоҳмуддат амалкунанда (ҳангоми рух додани воқеаҳои пешбининашуда дар роҳ, ки ба хизматрасонии муқаррарї монеъ мешаванд).

102. Саворшавї ва фуромадани мусофирон ба воситаи нақлиёти автомобилї аз рўи чунин тартиб ташкил карда мешавад:

      - дар автобусҳо, таксиҳои хатсайргард, ки як дар доранд, аввал фуромадан ва баъд саворшавї ба роҳ монда мешавад;

      - дар автобусҳо, ки ду дар доранд, саворшавї ба воситаи ҳар ду дар, вале фуромадан ба воситаи дари пеш сурат мегирад;

      - дар автобусҳо, ки ду ё зиёда дар доранд, саворшавї ба воситаи ҳамаи дарҳо ва фуромадан ба воситаи дари пеш ташкил карда мешавад.

103. Ба саворшавии бенавбат, ҳамчунин барои аз дари пеши автобус, таксии хатсайргард  савор шудан танҳо маъюбон, нафақахўрон, занҳои ҳомила ва кўдакони синни томактабї дошта, ҳақ доранд.

104. Дар солуни автобусҳо, таксиҳои хатсайргарди дар хатсайрҳои мунтазами шаҳрї ва наздишаҳрии ҳамлу нақли мусофирон истифодашаванда барои маъюбон, нафақахўрон, занҳои ҳомиладор ва кўдакони синни томактабидошта аз 4 то 8 љой (вобаста аз ғунљоиши дар шиноснома нишондодашуда) људо карда мешавад.

105. Дар ҳолати мављуд будани нуқтаҳои исти дар хатсайрҳои мунтазами шаҳрї ва наздишаҳрии ҳамлу нақли мусофирон «бо талаби мусофирон» ронанда ё кондуктор бояд пешакї аз зарурати манъкунї дар нуқтаи исти нишондодашуда бохабар карда шаванд. Барои фуромадани мусофирон дар чунин нуқтаҳои даркорї ронанда бояд воситаи нақлиётро боз дорад.

106. Дар вақти сафари мусофирон дар хатсайрҳои мунтазами шаҳрї ва наздишаҳрии ҳамлу нақли мусофирон бо автомобил бояд ба инҳо роҳ дода нашаванд:

      - сафар дар зинапоя ва дигар қисмҳои барљастаи автобус, таксии хатсайргард;

      - баромадан ва даромадан ба автобус, таксии хатсайргард  ҳангоми пурра наистодан ё ҳаракат кардани он;

      - монеъшавї ба пўшидан ё кушодани дарҳои автобус, таксии хатсайргард;

      - ҳангоми ҳаракати автобус, таксии хатсайргард  диққати ронандаро бо гапзанї халалдор кардан;

      - вайронкунии асбобҳои дохилї ва таљҳизоти солуни автобус, таксии хатсайргард;

      - сигоркашї, ифлоскунии солун ва истеъмоли нўшокиҳои спиртї;

      - мутобиқи қонунгузории Љумҳурии Тољикистон бурдани ашёҳои оташангез, тарканда, заҳролудкунанда, зудобшаванда, заҳрдор, сўзанда ва бадбўї, силоҳи бе ғилоф ва беҳуљљат, ҳамчунин маводҳо ва ашёҳое, ки интиқолаш манъ аст.

      107. Дар хатсайрҳои мунтазами шаҳрї ва наздишаҳрии ҳамлу нақли мусофирон ва бағољ интиқоли мусофирон ва пуркунии солуни автобусҳо ва таксиҳои хатсайргард  тибқи ғунчоишашон, ки аз тарафи корхонаи истеҳсолї пешниҳод шудааст, иљозат дода мешавад:

      - дар автобусҳо шумораи нишастагон ва рост истодагон бояд на зиёда аз миқдори ғунчоиши нишондодашуда бошад;

      - дар таксиҳои хатсайргард бояд аз љойҳои нишаст зиёд мусофир набошад.

      108. Дар хатсайрҳои мунтазами шаҳрї ва наздишаҳрии ҳамлу нақли мусофирон дар солуни автобусҳо ва таксиҳои хатсайргард  кашонидани бор бепардохти ҳақќи иловагї танҳо барои як љои бори дастии андозааш то 60 х 40 х 20 см ва вазнаш на зиёд аз 20 кг, ҳамчунин, љуфти лижаҳои ғилофдор, аробачаи бачагона ва чана (танҳо дар автобусҳо) иљозат дода мешавад.

      109.  Интиқоли бори дастии аз андозаи дар банди 107 Қоидаи мазкур нишондодашуда зиёд, танҳо дар љойњои бағољмонї ва бо пардохти ҳақи иловагї мувофиқи тарифи амалкунанда иљозат дода мешавад.

      110. Баста ва интиқоли бори дастї ба дигар мусофирон ва ё таљҳизоти солуни автобус ва таксиҳои хатсайргард  набояд халал расонад (ё солунро ифлос накунад).

         111. Дар хатсайрхои мунтазами шаҳрї ва наздишаҳрии ҳамлу нақли мусофирон бурдани ҳайвоноти хурд ва паррандаҳо дар даруни ќафас бе пул иљозат дода мешавад.

Интиқоли сагҳо дар љойҳои иловагии бағољмонї бо пузбанд ва гарданбанд ба роҳ монда мешавад.

112. Дар автобусҳо ҳангоми ба амал баровардани ҳамлу нақли мунтазами шаҳрии мусофирон ва бағољ, ки аз рўи рељаи зудҳаракаткунї (экспрессї) амал мекунанд, барои мусофирон бурдани бор мутобиқи тарифи амалкунанда, дар љои бағољљамъкунї ва дар ҳаљми на зиёда аз 120 х 60 х 40 см барои ҳар як љой бо пардохти иловагии ҳақ иљозат дода мешавад.   

      113. Ба мусофирон дар хатсайри шаҳрї барои бағољи ба интиқолсупурда чиптаи назоратї ва дар алоқаҳои наздишаҳрї бошад - хатти расиди бағољ дода мешавад. 

       114. Мусофир дар вақти супурдани бағољ барои интиқол метавонад қурби онро аз рўи бољи барқароршуда эълон дорад ва ин дар хатти расид дарљ мегардад.

115. Мусофир метавонад ҳақќи сафар ва бори дастии аз меъёри муқарраршуда зиёд, ҳамчунин ҳақќи бағољро дар хатсайрҳои мунтазами шаҳрї ва наздишаҳрии ҳамлу нақли мусофирон бо пули наќд ҳангоми саворшавї ба автобус, таксии хатсайргард  ба кондуктор (ронанда) супорад.

         116. Санади пардохти ҳаќќи саворагардї, интиқоли бори дастии аз меъёри муқарраршуда зиёд ва бағољ ҳангоми додани чиптаҳои якмаротибагї ба қайд гирифта мешавад, ки маълумоти зеринро дар бар мегирад:

      - силсила ва рақам;

      - намуди хатсайр;

      - номи нуқтаи аҳолинишин;

      - нархи роњкиро;

      - соли баромади чипта.

       117.Чиптаи назоратии якмаротибагї танҳо барои саворгардї дар як хатсайр, новобаста аз масофаи тайкардаи мусофир, эътибор дорад.

       118. Дар сурати рух додани ҳолатҳое, ки дар натиљаи он автобус ё таксии хатсайргард  ҳаракатро аз рўи  хатсайр бо сабабҳои техникї давом дода наметавонад, чиптаҳои назоратии якмаротибагиро барои савор шудан ба автобус ё таксии хатсайргарди дигари ин хатсайр истифода бурдан мумкин аст.

       119. Мусофир роҳкиро ва ҳақи бағољро мувофиқи тарифҳо вобаста аз масофаи сафари муқарраршуда дар хатсайрҳои мунтазами шаҳрї ва наздишаҳрии ҳамлу нақли мусофирон пеш аз сафар ба хазинаҳои чиптафурўшии терминал, ё ба кондуктор (ронанда) дар вақти саворшавї ба автобус, таксии хатсайргард  дар нуқтаи васатии хатсайр месупорад.

       120. Пардохти роҳкирои дар хатсайрхои наздишаҳрї бо додани ҳуљљатҳое (чиптае), ки чунин муҳтаво доранд, исбот мешавад:

      - силсила ва рақами чипта;

      - нуқтаи сафарбаркунї ва таъинот;

      - нархи роҳкирои супурдашуда;

      - вақт ва мўҳлати сафар.

      121. Далели пардохти ҳақќи интиқоли бағољ дар вақти ба мусофир додани хатти расид ба кайд гирифта мешавад, ки маълумоти зеринро дар бар мегирад:

      - рақами хатти расид;

      - нуқтаи сафарбаркунї ва таъмин;

      - миқдори љой барои бағољ;

      - қурбнокии бағољ (ҳангоми аз тарафи мусофир маълумот додан дар бораи он);

       - маблағи пардохтшуда барои интиқоли бағољ;

      - таърих ва вақти сафар.

      122. Чиптаҳои бисёркаратаи саворагардї барои мўҳлати муайяншудаи тақвимї дар нуқтаҳои фурўш, ки аз тарафи мақомоти иљроияи ҳокимияти давлатї ташкил карда шудаанд, ҳамчунин аз тарафи интиқолдиҳандагон ба воситаи кондукторон (ронандаҳо) фурўхта мешаванд.

      Фурўши чиптаҳои бисёркаратаи саворагардї бо пешниҳод намудани ҳуљљате, ки имтиёзро тасдиқ менамояд, амалї карда мешавад.

      123.Чиптаҳои бисёркаратаи саворагардии барои сафари шаҳрї таъиншуда дар хатсайрҳои наздишаҳрии ҳамлу нақли мусофирон ва бағољ боэътибор дониста, ҳисоб карда мешаванд.

       Чиптаҳои бисёркаратаи саворагардї, барои интиқоли бағољ ва бори дастии аз меъёри муқарраршуда зиёд истифода намешаванд.

       Мусофире, ки чиптаи бисёркаратаи саворагардї дорад, онро дар вақти савор шудан ба автобус ё таксии хатсайргард  ба кондуктор (ронанда) пешниҳод мекунад.

       Агар мусофир чиптаи бисёркаратаи имтиёзнокро истифода барад, бояд ҳуљљатеро, ки ҳуқуқ ба имтиёз доштанашро тасдиқ мекунад, бо худ дошта бошад.

     

Боби XI

ҲАМЛУ НАҚЛИ МУНТАЗАМИ БАЙНИШАҲРИИ (ДОХИЛИВИЛОЯТЇ) АВТОМОБИЛИИ МУСОФИРОН ВА БАҒОЉ

     

124. Ҳамлу нақли мунтазами байнишаҳрии (байнивилоятї, дохиливилоятї)-и мусофирон бо нақлиёти автомобилї мутобиқи шабакаи нақлиётии аз љониби мақоми ваколатдори Вазорати нақлиёти  Љумҳурии Тољикистон дар мувофиќа бо мақомоти иљроияи ҳокимияти давлатии вилоятњо (шањуру ноњияњо) дар асоси таҳлили анбўњи мусофирон, зарурати таъминкунии нуқтаҳои алоҳидаи аҳолинишини деҳ бо алоқаи нақлиётї, ҳамчунин бо пешниҳоди  шаҳрвандон ва ташкилотҳо ба роҳ монда мешавад.  Дар хатсайрњои мазкур аз воситањои наќлиёте, ки бо курсињои мулоим таљњизонида шудаанд, истифода бурда мешавад.

        125. Шабакаи хатсайри мунтазами байнишаҳрии (байнивилоятї, дохиливилоятї)-и ҳамлу нақли мусофирон бо нақлиёти автомобилї мутобиқи қоидаҳои зерин ташкил карда мешавад:

      - таъмин намудани талаботи аҳолї бо ҳамлу нақл;

      - имконияти васеъи таъмин кардани ҳамаи нуқтаҳои аҳолинишини дар хатсайр вокеъбуда;

      - бо мақсади баланд бардоштани сифати бехатарии ҳамлу нақл ва бехатарии он ҳамчунин кам кардани микдори партовҳои зараровари экологї истифода бурдани теъдод ва намудҳои бехатарии автобусҳо ва таксиҳои хатсайргард.

         126. Хатсайрҳои мунтазами байнишаҳрии (байнивилоятї, дохиливилоятї)-и ҳамлу нақли мусофирон дар роҳҳои автомобилгарди моҳияти љумҳурявї ва маҳаллї дошта, ки дараљаи на камтар аз V - ро доранд  ташкил карда мешаванд.

        127. Дар сурати аз 100 км зиёд будани тўли хатсайр бояд алоқаи телефонї (мобилї) ба инобат гирифта шавад. Ҳангоми ба ин талабот қонеъ набудан интиқолдиҳандагони дар хатсайрҳои мазкур хизматкунанда ба тариқи иловагї автобусҳо, таксиҳои хатсайргард  алоқаи боэътимоди мобилї доштаро таъмин мекунад.

        128. Нуқтаҳои исти воситањои наќлиёти мусофирбар дар хатсайрҳои мунтазами байнишаҳрии (байнивилоятї, дохиливилоятї)-и ҳамлу нақли мусофирон  дар шаҳрҳои сераҳолї бояд   дар терминалҳо воқеъ бошанд.

      Нуқтаҳои исти аввалии хатсайрҳои мунтазами байнишаҳрии (байнивилоятї, дохиливилоятї)-и ҳамлу нақли мусофирони дар терминалҳо воқеъбуда мутобиқи талаботи Қоидаҳои мазкур таљҳизонида шаванд.

        129. Ҳангоми саворшавї ба автобус, таксии хатсайргард  ҳуљљати саворагардии мусофир санљида мешавад. Дар терминалҳо санљишро навбатдор оид ба саворшавии мусофирон ва дар нуқтаҳои ист, ки дар он љо чунин навбатдорон нестанд, ронанда ё кондуктор ба роҳ мемонад.

        130. Чиптаҳои сафар барои хатсайрҳои мунтазами байнишаҳрии (байнивилоятї, дохиливилоятї)-и ҳамлу нақли мусофирон танҳо бо рақам ва таърихи дар он дуруст нишондодашуда эътибор дорад.

        131. Мусофирон ҳуљљатҳои саворагардиро дар муддати сафар бо худ нигоҳ дошта, мутобиқи қонунгузорї бо талаботи аввали тафтишкунанда ва шахси ваколатдори ин вазифа пешниҳод мекунанд..

      132. Мусофир дар автобус, таксии хатсайргард  љойро мувофиқи љои дар чипта нишондодашуда ишғол менамояд. Ҳангоми ҳамлу нақл интиқоли мусофирони аз шумораи љойҳои нишаст зиёдбуда иљозат дода намешавад.

       Дар ҳолати бо мусофир ҳамроҳ будани кўдакони синни то 5 – сола интиколи кўдакон бепул ва бе пешниҳоди љои нишасти алоҳида, ба кўдакони аз синни 5 то 12 сола бо пардохти 50%-и нархи чипта барои ҳар кадоми онҳо љойи алоҳида пешниҳод карда мешавад.

        133. Дар мавриди ба роҳ мондани ҳаракат дар хатсайрҳои мунтазами байнишаҳрии (байнивилоятї, дохиливилоятї)-и ҳамлу нақли мусофирон амалиётҳои зерин манъ карда мешаванд:

      - даровардани ислоҳот ба ҳуљљатҳои саворагардї;     

      - сигоркашї, ифлоскунии солун, истеъмоли нўшокиҳои спиртї;

      - ронандаро ба гап гирифтан, ҳамчунин рафтуо дар солун ҳангоми ҳаракати автобус, таксии хатсайргард; 

      - интиқоли моддаҳои оташангез, тарканда, заҳролудкунанда, зуддаргиранда, заҳрдор, бадбуй ва сўзанда, силоҳи оташфишони беғилоф ва ҳуљљатҳои даркорї надошта, ҳамчунин ашёе, ки метавонанд ба мусофирон, солун ё таљҳизоти автобус, таксии хатсайргард  зарар расонанд (ифлос ё вайрон мекунанд).

         134. Дар хатсайрҳои мунтазами байнишаҳрии (байнивилоятї, дохиливилоятї)-и ҳамлу нақли мусофирон дар солуни автобус барои мусофирон бепул бурдани бори дастии ҳаљмаш на зиёда аз 60 х 40 х 20 см ва вазнаш на зиёда аз 35 кг, ҳамчунин ҳайвоноти майда ва паррандаҳои дар қафас буда иљозат дода мешавад.

       135. Баста ва интиқоли бори дастї бояд ба дигар мусофирон, ба солун ва таљҳизоти автобус, таксии хатсайргард  зарар нарасонад.

       136. Ба мусофирон ҳамчунин иљозат дода мешавад, ки бо пардохти иловагї мутобиқи тариф барои ҳар љои муқарраршуда, ки онро мақомоти марбута тасдиқ карда ва иљозатнома додаст, бо худ бағољи иловагї дошта бошанд.

       137. Бағољи ба интиқол супурдашуда бояд дар бастаи мувофиқ бошад. Барои қабули бағољи интиқолшаванда ба мусофир хатти расиди бағољ дода мешавад.

      Ҳангоми супурдани бор барои ҳамлу нақл, мусофир метавонад қурби онро мувофиқи пардохти бољи муқарраршуда эълон дорад.

       138. Дар сурати гумшавї, норасої ё зарар дидани бағољ, бо иштироки соҳиби бағољ ва намоянда аз тарафи интиқолдиҳанда ё ронанда ва корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё мақомоти иљроияи маҳаллї дар ду нусха санад тартиб дода мешаванд.

      Дар санад ному насаб ва суроғаи соҳиби бағољ, миқдори љойҳои қабулшуда ва супурдашуда, номгўи ашёи гумшуда ва супоридашуда ё хусусияти зарар дидани онҳо, маблағи қурби эълоншуда, агар расман ба қайд гирифта шуда бошанд, дарљ мегардад. Нусхаи санад ба соҳиби бор дода мешавад.

       139. Бағољи барои интиқол супурдашуда он вақт гумшуда ҳисоб меёбад, ки агар интиқолдиҳанда гумшавиашро тасдиқ кунад ё агар бағољ ба нуқтаи таъинкардашудаи ҳамлу нақл дар муддати 7 рўз баъд аз ба охир расидани мўҳлати дастраскунии он дастрас нагардад.

        140 Интиқолдиҳанда мутобиқи қонунгузории Љумҳурии Тољикистон барои гумшавї, норасої ва вайроншавии бағољ љавобгар аст.

         141. Дар хатсайрҳои мунтазами байнишаҳрии (байнивилоятї, дохиливилоятї)-и ҳамлу нақли мусофирон, ки интиқолдиҳандагон ҳаракати автомобилҳои бағољкашонро ба роҳ мондаанд, мусофирон метавонанд бағољро барои ҳамлу нақл ба автомобилҳо супоранд. Қабули бағољ барои ҳамлу нақл ба автомобилҳои бағољкашонї дар нуқтаҳои исти аввалї бо пешниҳоди ҳуљљатҳои саворагардї (чиптаҳо) барои ҳамлу нақл дар хатсайри мувофиқ аз тарафи мусофирон ташкил карда мешавад.

         142. Бағољи барои интиқол супурдашуда бо таркиб ва бастаи худ на бояд ба бор кардан ва љобаљогузории бағољ дар автомобилҳои бағољкашонї халал расонад ва ба бори дигар мусофирон зарар расонад. Бастаҳо бояд комил бошанд ва нигоҳдории бағољро дар муддати ҳамлу нақли он таъмин намоянд

         143. Мусофире, ки бағољашро ба воситаи автомобили бағољкашон мефиристонад, бояд онро 10 дақиқа пеш аз равон шудани автомобил бисупорад.

144. Бағољи нодуруст борпечшуда барои интиқол дар автомобилҳои боркашонї роҳ дода намешавад. Бағоље, ки дуруст борпеч карда нашудааст ва боиси гумшавию вайроншавии бор мегардад, барои ҳамлу нақл бо бақайдгирии ин норасогиҳо қабул карда мешавад.

145. Барои қабул кардани бағољ ба ҳамлу нақл дар автомобилҳои бағољкашонї ба мусофирон хатти расиди бағољ дода мешавад.

       Бағоље, ки бо автомобили боркашонї интиқол дода мешавад, ба нуқтаи таъинотї бо пешниҳоди хатти расид қабул карда мешавад.

       Бағољи дар автомобили бағољкашонї барои интиқол қабулшуда бояд ба нуқтаи таъинотї на дертар аз як рўзи омадани мусофир мувофиқи љадвали муайяншуда, ба ин нуқта дастрас гардад.

         146. Бағољи ногирифтаи мусофир дар нуқтаи таъинотї, аз тарафи интиқолдиҳанда барои нигаҳдорї супурда мешавад, ки ба соҳиби он пардохти мувофиқ пешниҳод карда мешавад. Љои нигоҳдории бағољ  бо салоҳдиди интиқолдиҳанда интиқол карда мешавад.

         147. Интиқолдиҳандае, ки бағољро барои ҳамлу нақл қабул кардааст, нигаҳдории онро аз мўҳлати қабул то супурдани он ба мусофир (шахси барои қабули бағољ ваколатдор) ё то ба бағољхона супурдан таъмин менамояд.

         148.  Муайянкунї, гумшавї, норасої ва зарар дидани бағољи барои интиқол қабулшуда, тартиб ва ҳаљми зарарҳои расондашуда тибқи бандҳои 145-146 -и Қоидаҳои мазкур муайян карда мешавад.

149. Пардохти роҳкиро ва ҳаққи интиқоли бағољ дар хатсайрҳои мунтазами байнишаҳрии (дохиливилоятї) ҳамлу нақли мусофирон бо автомобилҳо дар хазинаҳои терминал ва дар нуқтаҳои исти авалаи хатсайрҳо бошад, ба кондуктор (ронанда), дар мавриди савор шудан ба автобус, таксии хатсайргард  то расидани он ба нуқтаи ист, амалї мешавад.

          150. Пардохти роҳкирои додаи мусофир бо ҳуљљати саворагардї, ки аз чунин маълумот иборат аст, исбот мешавад:

      - силсила ва рақами чипта;

      - нуқтаҳои равонкунї ва таъинот;

      - маблағи роҳкирои пардохташуда бо нишондоди пардохти комиссионї ва суғуртавї;

      - таърихи додани чипта;

      - вақт ва мўҳлати равоншавии автобус, таксии хатсайргард  аз нуқтаи ибтидої (саворшавї);

      - рақами хатти сафар;

      - рақами санади пардохти интиқол бо додани хатти расид ба мусофир тасдиқ мешавад.

       151. Агар мусофир чиптаро дар нуқтаи исти фосилавии берун аз вокзалҳо ва истгоҳҳо воқеъбуда бигирад, он гоҳ кондуктор дар он рақами хатсайр, нуқтаҳои аввал ва охири тайкардаи мусофир, нархи роҳкирои пардохташуда, рақами љои фуромад, мўҳлат ва вақти равоншавиро ишора намуда, ҳамчунин дар роҳварақ ва руйхати фўруши чиптаҳо қайдҳо мегузорад.

 

 

Боби ХII

ҲАМЛУ НАҚЛИ МУНТАЗАМИ БАЙНИШАҲРИИ (БАЙНИВИЛОЯТЇ)

МУСОФИРОН БО АВТОБУСҲО

     

152. Ҳамлу нақли мунтазами байнишаҳрии (байнивилоятї) мусофирон дар асоси баробарҳуқукї аз љониби мақоми ваколатдори Вазорати нақлиёти  Љумҳурии Тољикистон бо ташаббуси маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо (шањру ноњияњо), интиқолдиҳандагон, ҳамчунин мурољиати шаҳрвандон   ташкил карда мешавад.  

         153. Ҳамлу нақли мазкур аз тарафи интиқолдиҳандагоне, ки тибқи тартиби қонунгузорї ба фаъолияти мазкур иљозат доранд, бо истифода аз автобусҳо, таксиҳои хатсайргарди ба талаботи Қоидаи мазкур мувофиқ ва ќонунгузории Љумҳурии Тољикистон оид ба таъмини бехатарии ҳамлу нақл, ба роҳ монда мешаванд.

         154. Љадвали ҳаракат дар хатсайрҳои мунтазами байнишаҳрии (байнивилоятї) ҳамлу нақли мусофирон аз тарафи маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо (шањру ноњияњо), ки хатсайр аз ҳудуди онњо мегузарад, мувофиқа карда мешаванд.

         155. Барои таъмини хатсайрҳои мунтазами байнишаҳрии (байнивилоятї) ҳамлу нақли мусофирон талаботҳои дар боби ХIҚоидаҳои мазкур дида баромада шуда, пешниҳод карда мешаванд.

         156. Саворагардї, кашонидани бори дастї ва бағољ, ҳамчунин пардохти ҳаққи онҳо дар хатсайрҳои мунтазами байнишаҳрии (байнивилоятї) ҳамлу нақли мусофирон аз рўи тартиби боби ХIҚоидаҳои мазкур сурат мегирад.

         157. Тартиби санљиши хатсайрҳои байнишаҳрї (байнивилоятї)  ва мувофиқакунии љадвали ҳаракати нақлиёт бо маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо (шањру ноњияњо), ки хатсайр аз ҳудуди онњо мегузарад,  мутобиқи банди 17-и Қоидаи мазкур анљом дода мешавад.

158. Дар мувофиқа бо эродҳои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо (шањру ноњияњо) Комиссия  љадвали ҳаракатро таҳия карда, барои дубора мувофиқа кардан равон мекунад.

 

 

Боби ХIII

ҲАМЛУ НАҚЛИ МУНТАЗАМИ БАЙНАЛХАЛҚИИ МУСОФИРОН БО НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛЇ

     

159.  Тартиби сафар аз рўи хатсайрҳои мунтазами байналхалқии ҳамлу нақли мусофирон ва бағољ, ки дар банди шартномаҳои байналхалқии дар Љумҳурии Тољикистон тавсибшуда танзим нашудааст, аз рўи Қоидаҳои мазкур ба тартиб дароварда шуда, ба тартиби сафар дар хатсайрҳои мунтазами байналхалқии байнишаҳрии мусофирон ва бағољ бояд мувофиқ бошад.

         160. Ҳангоми ба амал баровардани ҳамлу нақли мунтазами байналхалқии мусофирон, ҳамлу нақли мусофирон дар байни нуқтаҳои исти дар қаламрави Љумҳурии Тољикистон воқеъбуда, иљозат дода намешавад.

         161. Барои ташкил намудани ҳамлу нақли мунтазами байналхалқии мусофирон бо автобусҳо, таксиҳои хатсайргард  интиқолдиҳанда қарори баровардаи худ дар бораи ҳамлу нақли байналхалқии мусофирон ва бағољро бо шарики (интиқолдиҳанда) аз дигар давлат, ки он ҳамлу нақлро ташкил мекунад, мувофиқа намуда бо вай шартномаи мувофиқ мебандад.

        162. Барои гирифтани нақшаи хатсайр ва љадвали ҳаракати хатсайр, тарифҳои ҳамлу нақли мусофирону бағољ ва иљозатнома барои ташкил кардани ҳамлу нақли мунтазами байналхалқии мусофирону бағољ, Шаҳодатнома, ҳамчунин барои тамдиди мўҳлати ҳуљљатҳои иљозатдиҳї барои ҳамлу нақли байналхалқї, ки аз љониби Вазорати нақлиёти  Љумҳурии Тољикистон тасдиқ мегарданд, интиқолдиҳанда ба Вазорат бо пешниҳоди ҳуљљатҳои зерин дархост медиҳад:

      -  шартнома оид ба фаъолияти якљоя бо интиқолдиҳандаи хориљї;

      - шаҳодатномаи дар  Нозироти андози шањру ноњияњо вобаста ба љойгиршавии корхона   бақайд гирифта шуда, дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқї ё соҳибкор, ки фаъолияти худро   ба амал баровардааст;

      - нусхаи иљозатнома барои гирифтани ҳуқуқи ташкилкунии ҳамлу нақл;

      - нусхаи шартномҳои суғуртаи ҳатмии љавобгарии шаҳрвандїҳуқуқии соҳиби воситаи нақлиёт ва шартномаи суғуртаи ҳатмии љавобгарии шаҳрвандїҳуқуқии интиқолдиҳандагон дар назди мусофирон;

      - маълумот дар бораи воситаи нақлиёт (адад ва навъи (клоси)) автобус, таксии хатсайргард, дар хатсайр истифодашавандаю замимаи нусхаи шиносномаи техникї ва шаҳодатнома дар бораи аз муоинаи техникї дар семоҳаи охир гузашта барои ҳар як фард (аз љониби мақомотҳои иљроияи ҳокимияти давлатии тасдиқшуда, ки ҳамкорї накардани воситаҳои механикии мазкур дар дигар хатсайрҳои мунтазами ҳамлу нақли мусофирон ва бағољро бо автомобил нишон медиҳанд);

      - маълумот дар бораи мављудияти мушоҳидати танзимгар ва алоқаи телефонї дар давоми сафар, ҳамчунин маълумот дар бораи мављудияти имконоти ивазкунии автобусҳо, таксиҳои хатсайргард  дар мавриди бо сабаби техникї қать кардани ҳаракати онҳо;

      - нусхаи ҳуљљатҳое, ки имконияти гузаронидани маљмўъи фаъолиятро оид ба дар ҳолати дурусти техникї нигоҳ доштани воситаи нақлиётро мутобиқи талаботи қонуни истифодабарии техникии воситаҳои нақлиёт ва гузаронидани муоинаи техникии пеш аз сафар (пеш аз баст)-и автобусҳо, таксиҳои хатсайргард  ҳамчунин муоинаи марҳилавии (пеш аз басти) тиббии ронандаро тасдиқ мекунанд;

      - љадвали ҳаракати автобусҳо, таксиҳои хатсайргард  аз рўи хатсайр, ки вақти ба сафар баромадану расидан, истгоҳҳои автобусҳо, таксиҳои хатсайргард, ҳамчунин масофаи байни нуқтаҳои ист ва нуќтаҳои гузаштан аз сарҳади давлатї дар он нишон дода шудааст;

      - љадвали хатсайр, ки терминалҳо, истгоҳҳои автомобилї дар сарҳади давлатї, минтақањои хатарнок ва рељаи босуръати ҳаракати автобусҳо, таксиҳои хатсайргардро нишон медиҳад;

      - тарифҳои ҳамлу нақли мусофирон ва бағољи ба нуқтаҳои исти хатсайрҳои мунтазами байналхалқї пешниҳодшуда, бо пули миллии давлатҳое, ки интиқолдиҳандаро ба қайд гирифтаанд;

      - љадвали рељаи меҳнат ва истироҳати ронанда дар давоми сафари мунтазам бо нишондоди вақт ва љои ивазкунии автобусҳо, таксиҳои хатсайргард.

         Ҳуљљатҳои дар зербанди 7-10 нишондодашудаи банди мазкур, ки аз тарафи интиқолдиҳандаи љониби тољикї (ватанї) ва хориљї, ки шартномаро мўҳр гузоштаанд имзо шуда, бояд дар 4 нусха пешниҳод карда шаванд.

        163. Дархост барои тамдиди мўҳлати эътиборнокии ҳуљљатҳои иљозатномавї барои ҳамлу нақли байналхалқї якљоя бо ҳуљљатҳои дигар на дертар аз се моҳи ба охиррасии мўҳлати муқарраршудаи эътибори ин ҳуљљатҳо ба Вазорати нақлиёти  Љумҳурии Тољикистон пешниҳод мегардад.

        164. Вазорати нақлиёти  Љумҳурии Тољикистон дар муддати 15 рўзї корї, аз вақти ба қайд гирифтани пешниҳодот, онҳоро санљида, агар ҳуљљатҳои нишондодашуда пурра бошанд, ба мақомоти босалоҳияти давлатї, ки хатсайр аз ҳудуди онҳо мегузарад дар бораи гирифтани иљозат ба кушодани хатсайр гувоҳнома равон мекунад, ки дар он ҳуљљатҳои дар зербанди 1-3, 7-10 и банди 160-и Қоидаҳои мазкур нишондодашуда, агар баъзеашон тибқи шартномаи байналхалқии дар Љумҳурии Тољикистон ба қайд гирифташуда дида нашуда бошанд, замима мегарданд.

         165. Пас аз гирифтани ќарори мутобиқи мақомоти босалоҳияти давлатҳои хориљї, ки хатсайр аз ҳудуди онҳо мегузарад, ба интиқолдиҳанда барои ҳамлу нақли байналхалқї ҳуљљат дода мешавад.

         166. Нусхаҳои ҳуљљатҳои  ба дархост иловашаванда дар Вазорати нақлиёти  Љумҳурии Тољикистон барои ҳисобу китоб боқї мемонад.

         167. Дар мўҳлати 30 рўзи баъди гирифтани иљозатнома интиқолдиҳанда нусхаҳои шартномаҳоро, ки байни интиқолдиҳанда ва маъмурияти терминалҳо  мутобиқи талаботи Қоидаҳои мазкур ва меъёрҳои ҳуқуқии дигар ба имзо расидаанд, ба Вазорати нақлиёти  Љумҳурии Тољикистон пешниҳод мекунад.

         168. Интиқолдиҳанда, ҳар як автобус, таксии хатсайргардро   дар хатсайр бо ҳуљљатҳои аслии иљозатдиҳанда барои ҳамлу нақли байналхалқї таъмин мекунад.

         169. Тағйир додани хатсайр, нуқтаҳои ист, љадвали ҳаракат, ҳамчунин бастани хатсайр аз љониби Вазорати нақлиёти  Љумҳурии Тољикистон дар асоси аризаи интиқолдиҳанда ё маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо (шањру ноњияњо) бо розигии мақомоти босалоҳияти давлатие, ки ташкили хатсайр ба вай дахл дорад, сурат мегирад.

        170. Барои дида баромадани рўйхат ва бақайдгирии ҳуљљатҳои ба амал баровардани ҳамлу нақли мусофирон дар хатсайрҳои мунтазам, ташкил кардани сафарҳои иловагї, даровардани тағйирот ба љадвали ҳаракати автобусҳо, таксиҳои хатсайргард  ва тарифҳои интиқоли мусофирон, шабакаҳои хатсайрҳои байналхалқие, ки бо автобус, таксии хатсайргард  ташкил карда мешаванд, барои ба иљро расондани ҳамлу нақл, микдори лозимии автобусҳо, таксиҳои хатсайргардро доштан ба инобат гирифта мешавад. Барои давом додани мўҳлати фаъолият бошад, роҳ надодан (додан) ба вайронкунии қоидаи ҳаракат дар роҳ аз љониби интиқолдиҳанда ё шарики хориљии ў, шикояти мусофирон аз сифати хизматрасонї ва риояи вақт ба вақти ба иљро расондани сафар ҳам дар назар дошта мешавад.

     171. Дар мавридҳои зерин ба интиқолдиҳандагон ҳуљљатҳои иљозатдиҳанда барои ҳамлу нақли байналхалқии мусофирон дода намешаванд:

      - ҳуљљатҳои ба дархост иловашаванда мувофиқи банди 160-и Қоидаҳои мазкур, нопурра пешниҳод шудаанд ё маълумоти нодуруст дошта бошанд;

      - аз рўи љадвали ҳаракати пешниҳодшуда, ҳамлу нақли мунтазами байналхалқии мусофирон ва бағољ мувофиқи тартиби муайян ташкил шуда бошад;

      - фарқият дар љадвали ҳаракати саршавї ва фосилавии хатсайри кушодашаванда ё амалкунандаи байналхалқї камтар аз 3 соатро ташкил диҳад (дар мавриди алоҳида аз рўи мулоҳизаномаи мақомоти иљроияи мањаллии ҳокимияти давлатї, фосилаи ҳаракати автобусҳо, таксиҳои хатсайргард  мусовї ҳаракаткунанда метавонад дароз ё кўтоҳ шаванд.

      - воситаи нақлиётї барои ҳамлу нақл пешниҳодшуда агар тибқи қонунгузории Љумҳурии Тољикистон ба талабот љавобгў набошанд, ҳамчунин автобусҳо, таксиҳои хатсайргард  агар аз муоинаи техникии пеш аз сафар (пеш аз баст) ва ронандагон аз муоинаи тиббии пеш аз сафар (пеш аз баст) нагузашта бошанд;

      - далелҳои чандинкаратаи қоидавайронкунї аз љониби интиқолдиҳанда (интиқолдиҳандагон);

      - иљозат нагирифтан аз мақомоти босалоҳияти давлатї, ки хатсайри пешниҳодшуда аз ҳудуди он мегузарад.

        172. Раднома бо далел дар шакли мактуб ба арзкунанда ва дар мавридҳои зарурї ба мақомотҳои босалоҳияти давлатии ба рўйхатгирии ҳамлу нақли хориљии мусофирон фиристода мешавад.

        173. Эътибори ҳуљљатҳои иљозатдиҳанда барои ҳамлу нақли байналхалќї, ки ба интиқолдиҳанда дода шудаанд, метавонад то шаш моҳ дар мавридҳои зерин қатъ карда шавад: 

      - мурољиати хаттии интиқолдиҳанда ба Вазорати нақлиёти  Љумҳурии Тољикистон на дертар аз 3 моҳ то мўҳлати қатъ кардани ҳамлу нақли пешниҳодшуда;

      - мурољиати хаттии асоснокшудаи мақомоти иљроияи мањаллии ҳокимияти давлатї;

      - пайдо шудани санадҳо дар бораи вайронкунї ё риоя накардани талаботи Қоидаҳои мазкур;

      - агар интиқолдиҳанда шароитҳои истифодабарии хатсайрҳои мунтазами аз љониби мақомоти босалоҳияти давлатї ташкилшударо, ки хатсайр аз ҳудудаш мегузарад, таъмин карда натавонад;

      - мувофиқи мурољиати хаттии мақомоти босалоҳияти давлатҳои хориљї, ки хатсайри мунтазам аз ҳудуди онҳо мегузарад.

         174. Эътибори ҳуљљатҳои иљозатдиҳанда, ки ба интиқолдиҳанда дода шудаанд, дар чунин мавридҳо қатъ мегардад:

      - мурољиати хаттии интиқолдиҳанда, ки на дертар аз 3 моҳ то мўҳлати пешниҳодшудаи қатъ кардани ҳамлу нақл;

      - агар аз тарафи интиқолдиҳанда бе иљозати Вазорати нақлиёти  Љумҳурии Тољикистон дар љадвал ва нақшаи ҳаракати автобусҳо, таксиҳои хатсайргард аз рўи хатсайрҳо тағйирот дохил карда бошад;

      - бо мурољиати хаттии мақомоти босалоҳияти давлатҳои хориљї, ки хатсайри мунтазам аз ҳудуди онҳо мегузарад;

      - дар мўҳлати муқарраршуда пешниҳод накардани нусхаҳои шартномаҳои байни интиқолдиҳанда

ва маъмурияти терминалҳо мутобиқи Қоидаҳои мазкур ба имзорасида ё санадҳои меъёрию ҳуқуқии дигар;

      - агар интиқоли мусофирон аз рўи хатсайрҳо аз тарафи интиқолдиҳанда дар муддати як моҳ аз мўҳлати гирифтани ҳуљљатҳои иљозатномавї ташкил карда нашавад;

      - агар ҳамлу нақли мусофирон дар хатсайр дар тўли 15-рўзи эътибор доштани ҳуљљатҳои иљозатномавї аз љониби интиқолдиҳанда сурат гирад;

      - ошкоршавии далелҳои тез-тез вайрон кардани Қоидаҳои мазкур.

         175. Тартиби гирифтани ҳуљљатҳои саворагардї (чиптаҳо) барои сафари байналхалқї ба тартиби гирифтани чиптаҳо дар сафари байналхалқї, тибқи Қоидаҳои мазкур ба роҳ монда мешавад.

        176. Пардохти роҳкиро ва ҳаққи бағољкашонї дар сафарҳои байналхалқї бо пули миллии давлате, ки аз он ҳуљљатҳои саворагардї мегиранд, сурат мегирад;

        177. Тартиби нигохдорї ва супурдани бағољ мувофиқи қонунгузории давлате, ки дар ҳудуди он бағољро нигоҳ медоранд ё месупоранд, ба роҳ монда мешавад.

 

Боби XIV

ҲАМЛУ НАҚЛИ НОМУНТАЗАМИ МУСОФИРОН

 

         178. Ҳамлу нақли номунтазами мусофирон дар шабака ва иншооти роҳ, ки ба воситаи он ҳаракати васоити нақлиёт иљозат аст, ташкил карда мешавад.

      Пеш аз оғози ҳамлу нақл интиқолдиҳанда тафтиши пешакї мегузаронад, аз љумла, бо тариқи дархост аз мақомоти роҳдорї ва милисаи нақлиёт ҳолати роҳ, иншооти роҳро дар тўли хатсайр муайян мекунад.

        179. Дар вақти ташкил кардани ҳамлу нақли номунтазам интиқолдиҳанда бояд дафтари бақайдгирии воситаи нақлиётро бо қайдҳои муоинаи тиббии ронанда ва муоинаи техникии пеш аз сафари воситаи нақлиётро дошта бошад.

       180. Ҳамлу нақли номунтазам бо воситаи нақлиёте, ки аз рўи тартиби муайян ба фаъолияти мазкур иљозат доранд ва ба талаботи Қоидаҳои мазкур мувофиқанд, ба амал бароварда мешавад.

        181. Дар нуқтаҳои ист, ҳангоми иљрои ҳамлу нақли номунтазами мусофирон бояд бехатарии саворшавї ва фурудоии мусофирон таъмин карда шавад ва ба нуқтаҳои исти хатсайрҳои мунтазами ҳамлу нақли мусофирон монанд набошад.

      Исти воситаҳои нақлиёти автомобилї, ки дар ҳамлу нақли номунтазами мусофирон истифода мешаванд, дар нуқтаҳои исти хатсайрхои ҳамлу нақли мунтазами мусофирон мумкин нест, ҳамчунин ба саворшавї ва фурудоии мусофирон ҳам дар ин нуқтаҳо иљозат дода намешавад.

      182. Ҳамлу нақли номунтазами мусофирон дар сафарҳои байналхалқї аз тарафи интиқолдиҳандагоне ташкил карда мешавад, ки ба онҳо мувофиқи тартиби муайян ва қонунгузории Љумҳурии Тољикистон ва шартномаи байналхалқии дар Љумҳурии Тољикистон тасвибшуда барои фаъолияти мазкур иљозат дода шудааст.

      183. Ҳангоми ҳамлу нақли номунтазами мусофирон шумораи мусофирон бояд аз љойҳои нишасти автобус, таксии хатсайргард  зиёд набошад ва барои бо худ бурдани бори дастии ҳаљмаш аз    60 х 40 х 20 см зиёд ва вазнаш зиёда аз 35 кг мебошад,  иљозат дода намешавад.

      Амволе, ки ҳаљмаш аз хаљми дар банди мазкур нишондодашуда зиёд бошад, дар бағољмонаки воситаи нақлиёти автомобилҳои бағољкашонї, ки онҳоро автобусҳо ва таксиҳои хатсайргардҳои мусофирбар  ҳамсафарї мекунанд, кашонда мешавад.

      184. Мусофирон роҳкиро ва ҳақи ҳамлу нақли бағољро дар ҳамлу нақли номунтазам мувофиқи шартҳои шартнома ба интиқолдиҳанда (ронанда) мепардозанд.

      185 Ҳамлу нақли мусофирони як бор сафаркунанда ба мақсади кашондани ҳамон як гурўҳи мусофирон аз нуқтаи аввал то нуқтаи охири хатсайр ва баръакс, бе саворкунї ва фуровардани мусофирон дар фосилаи ин нуқтаҳо ё дар як самти нишондодашуда амалї мегардад.

186. Мавриди ҳамлу нақли мусофирони як бор сафаркунанда интиқолдиҳанда роҳхатро пур мекунад.  

187. Ҳамлу нақли мусофирон бо автобусҳо, таксиҳои хатсайргардҳои фармуда хусусияти муттасил дорад ва бо мақсади бурдани шаҳрвандон ба љои кор, таҳсил, ҳамчунин барои ба роҳ мондани сайрҳои сайёҳї амалї карда мешавад.

      188. Ҳамлу нақли мусофирон бо автобусҳо, таксиҳои хатсайргардҳои фармуда мутобиқи шартномаи хаттии байни фармоишгар ва интиқолдиҳанда ба роҳ монда шуда, нусхаи шартнома бояд  дар дасти ронандаи воситаи нақлиёт нигоҳ дошта шавад.

 

 

Боби XV

ҲАМЛУ НАҚЛИ ГУРЎЊИ ТАШКИЛДОДАИ   КЎДАКОН

 

      189. Ҳамлу нақли гурўњи ташкилдодаи кўдакон бо автобус, мутобиқи талаботи Қоидаҳои мазкур ва дар мавриди ҳар кўдакро ба љои алоҳида шинонидан сурат мегирад.

      190. Мавриди ташкили ҳамлу нақли гурўњи ташкилдодаи кўдакон ба муассисақои таълимї, интиқолдиҳанда якљоя бо кормандони маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоятњо (шањру ноњияњо) ва маъмурияти муассисаи таълимии хатсайр ва љои мувофиқи саворшавию фуромадани кўдаконро муайян мекунад.

      191. Майдончаҳои интизории кўдакон бояд ба ҳадде васеъ бошанд, ки онҳо ба роҳи автомобилгард набароянд.

      Майдончаҳо бояд воридгоҳи обод дошта, аз нуқтаҳои исти автомобилҳои ба ҳамлу нақли мусофиру бағољ машғулбуда алоҳида љойгир бошанд.

      Агар ҳамлу нақли кўдакон ҳангоми торикї сурат гирад, дар ин маврид майдончаҳо бояд дорои таљҳизоти сунъии чароғонкунї бошанд.

      Дар давраи тирамоҳу зимистон майдончаҳо бояд аз барфу ях ва ифлосиҳо тоза карда шаванд.

      Ташкилкунандаи ҳамлу нақли кўдакон ба муассисаи таълимї вазъи майдончаҳои саворшавї ва фуровардани кўдаконро (ҳар моҳ як бор) мунтазам тафтиш мекунад.

      192. Љадвали ҳаракати автобусҳо барои кўдакон бо ташкилкунандаи ҳамлу нақл мувофиқа карда мешавад.

      193. Ҳамлу нақли умумии гурўҳи ташкилдодаи кўдакон ва ҳамлу нақли онҳо ба масофаи дур аз љониби интиқолдиҳанда танҳо дар мавриди мушоҳидаи омўзгорон ё калонсолони махсус интихобшуда (як калонсол барои 15 кўдак) сурат мегирад.

      194. Ҳангоми ҳамлу нақли умумии кўдакон интиқолдиханда хадамоти милисаи роҳро хабар медиҳад, ки барои пурзўр намудани назорати ҳаракат дар хатсайр ва ҳалли мушкилоти мушоҳидати корвонї аз ду ё зиёда автомобилҳои махсус тадбирҳо биандешад.

      195. Ҳамлу нақли байнишаҳрии гурўҳи ташкилкардаи кўдакон дар шабҳангом (аз соати 22-и бегоҳ то соати 6-и субҳ), ҳамчунин дар ҳавои туманолуд, мавриди яхбандї ё ҳолатҳои дигари номусоид мамнўъ аст.

      196. Ҳангоми ҳамлу нақли умуми љойҳои саворшавї ва фуровардан набояд дар масофаи на  камтар аз 30 м воқеъ бошанд.

197. Агар барои ҳамлу нақл автобусҳое истифода шаванд, ки мутааллиқи чанд интиқолдиҳандаанд, он гоҳ шахсони барои бехатарї ва баҳрабардорї аз воситаи нақлиёти масъул тартиби ҳамкории интиқолдиҳандаро дар тамоми марҳилаи ҳамлу нақл муайян мекунад.

 

 

Боби XVI

ОДОБИ МУОШИРАТ ДАР ҲАМЛУ НАЌЛИ МУСОФИРОН

 

 198. Одоб як қисмати муҳими фарҳангии умумиинсонӣ ба ҳисоб рафта, ақидаҳои ҳамаҷонибаи инсониро оид ба некхоҳӣ, адолатпарастӣ, инсонпарварӣ дар соҳаи маънавӣ ва зебоӣ, инчунин тартиботро дар муносибатҳои ҳамарӯзаи ҳаётӣ, инъикос менамояд.  

199. Одоби ҳайати кормандони муҳандисӣ - техникӣ, аз ҷумла роҳбари корхона (муассиса, ҷамъият) дар инҳо ифода меёбад:

- ҳуқуқу озодии конститутсионии кормандонро эҳтиром намояд;

- вазифаҳои меҳнатии ба зимаи ӯ гузоштаро поквиҷдонона иҷро намояд;

- манфиатҳои давлат ва ё корхонаро аз манфиатҳои шахсии худ боло гузорад;

- дар риоя намудани қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва интизоми меҳнатӣ аз тарафи тобеон серталаб бошад;

- барои кормандон шароити хуби корӣ фароҳам оварад;

- ба моликияти ҷамъиятӣ эҳтиёткорона муносибат намояд ва аз зертобеъ низ ин гуна муносибат намуданро талаб намояд;

- нисбат ба кормандон ғамхор бошад;

- меъёрҳои этикаи касбӣ ва қоидаҳои рафтору муносибатҳои меҳнатиро риоя намояд;

- аз мансаби вазифавии худ сӯйистеъмол накунад;

- ба бавуҷудоии ҳолатҳои фасодкорӣ (коррупсионӣ) дар муносибатҳои кории байни кормандон роҳ надиҳад ва барои фароҳам овардани муҳити солим ва самимӣ дар корхона кӯшиш намояд;

- аз гирифтани туҳфаҳои арзишнок ва маблағҳои пулӣ аз зертобеъ ва ё шахсони дигар барои ҳалли мушкилоти истеҳсолӣ ва ё проблемаҳои дигари ба раванди истеҳсолӣ вобаста дар доираи фаъолияти вазифавии худ, худдорӣ намояд;

- дар идораи фаъолияти истеҳсолӣ ва иқтисодии корхона принсипи шаффофиятро риоя намояд;

- дар баланд бардоштани сифати хизматрасонии нақлиётӣ ба мизоҷон мусоидат намояд;

- сирри корхонаро берун аз ҳудуди он фош накунад;

- пайваста дар такмили донишу малакаи касбии худ бошад;

- ҷаҳонбиниашро васеъ намояд.  

200. Одоби ронандагон ҳангоми хизматрасонӣ ба мусофирон бояд чунин бошад:

- либоси махсуси барои ронандагони нақлиёти мусофирбар пешбинишуда дошта бошад;

- бо мусофирон ва иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ муомилаи некхоҳона ва боодобона дошта бошад;

- ҷадвали ҳаракатро қатъиян риоя намояд ва нақлиётро дар истгоҳҳо саривақт манъ намояд;

- тиреза ва ё сарпӯши шифти салони нақлиётро накушояд, агар инро мусофирон бевосита хоҳиш накунанд;

- ҳангоми саворшавии  занони ҳомила, кӯдакони хурдсол ва маъюбон хеле бодиққат бошад;

- дар муносибат бо мусофирон дар ҳама ҳолат хеле эҳтиёткор бошад, ҳатто ҳангоми  дағалона муносибат намудани мусофирони асабашон ноором;

- қоидаҳои санитарию гигиениро (тозагии дохили салон, напартофтани партовҳо аз тирезаи автомобил ба қисмати мошингарди роҳи автомобилгард ва канори роҳҳо) риоя намояд;

- ҳолатҳои садамавӣ ба вуҷуд наорад, дар ҳолатҳои зарурӣ ба дигар автомобилҳо роҳ диҳад;

- ҳуқуқи пиёдагардонро ҳангоми гузаштани онҳо аз гузаргоҳҳо поймол нанамояд (дар ҳолати набудани зарурат бо сигнали садодор пиёдагардонро нороҳат насозад.

201. Одоби мусофирон  ҳангоми саворшавӣ ба нақлиёти ҷамъиятӣ аз инҳо иборат мебошад:

- нақлиёти истифодаи умумро дар ҷойҳои таъингардида (истгоҳҳо) интизор шаванд;

- ҳангоми саворшавӣ ба нақлиёти ҷамъиятӣ, ҷоеро ишғол намуда, саривақт  ҳаракат намояд;

 - ба фаромадани занон, кӯдакон, маъюбон ва шахсони куҳансол кӯмак расонанд;

- ҳангоми воридшавӣ ба воситаи нақлиёти чамъияти якдигарро тела надиҳанд;

- бо либоси ифлос ба воситаи нақлиёти истифодаи умум савор нашаванд;

- кудакони хурдсолро нагузоранд, ки бо пойафзоли ифлос рӯи курсиҳо бароянд;

 - дар пеши дар наистанд ва ба даромаду баромади мусофирон халал нарасонанд;

 - дар сурати нохост тела додани мусофирони дигар, узр пурсанд;

- дар дохили нақлиёт чатрро боз накунанд ва дар сурати тар будани он кўшиш кунанд, ки обаш ба мусофирони дигар начакад;

 - ба занони ҳомила ва куҳансолон ҷои нишаст пешниҳод намоянд;

  - ба мусофирон ҳангоми хондани маҷалла дар нақлиёт халал нарасонанд;

- бодиққат нигоҳ кардан ба руйи мусофирон дар нақлиёти ҷамъиятӣ аз рӯи одоб нест;

-  дар дохили нишеман салом додан танҳо ба шахсони шинос аз руйи одоб аст;

- пардохт намудани пули роҳкироро дар нақлиёти ҷамъиятӣ ҳар як мусофир мустақилона иҷро менамояд;

  - барои  пешниҳоди чиптаи моҳона ҳамеша онро дар ҳолати омодагӣ қарор диҳад;

- борхалтаҳои калонро тавре гузоранд, ки ба мусофирон халал нарасонад;

 - дар сурати мавҷуд будани ҷои нишаст борхалтаҳои сайёҳӣ ва тозаро руи курсиҳо гузоштан мумкин аст;

- дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ бо ҳамсафари худ бо овози паст сўҳбат намудан лозим аст;

-  дар дохили нақлиёти ҷамъиятӣ шона кардани муйи сар, истифода бурдани қайчӣ, рангубори нохунҳо, инчунин бо худ гирифтани ашёҳои тези хатарнок мумкин нест;

- риоя намудани одобу рафтори  шоистаи инсонӣ дар нақлиёти ҷамъиятии пур аз одам (такя накардан ба шахси дарпешистода, тела надодани мусофирон, зер накардани пой ва ғ.).  

    202. Одоби мусофирон ҳангоми баромадан аз нақлиёти ҷамъиятӣ дар инҳо ифода меёбад:

- мувофиқи одоб аввал мардон аз нақлиёти ҷамъиятӣ берун шуда, ба фаромадани шахсони куҳансол, кудакон ва шахсони эҳтиёҷманд кӯмак мерасонанд;

    - барои фаромадан аз нақлиёти ҷамъиятӣ пешакӣ омода шуда, мусофирони дар пеш истодаро огоҳ намояд;

- чиптаҳои истифодашударо баъди фаромадан аз нақлиёти ҷамъиятӣ ба партовқуттӣ партояд.

 

 

Боби XVII

МУҚАРРАРОТИ ХУЛОСАВЇ

 

      203. Назорати давлатии риояи Қоидаҳои мазкур мутобиқи қонунгузории Љумҳурии Тољикистон сурат мегирад.

      204. Қоидаҳои мазкур пас аз чопи расмї моҳияти худро пайдо мекунад.

 

 

Замимаи 1 ба Ќоидањои наќлиёти автомобилї

оид ба њамлу наќли

мусофирон ва бори дастиву баѓољ

бо наќлиёти автомобилї

дар Љумњурии Тољикистон  

 

ШАРТНОМАИ №_____

дар бораи њамкории МД «Наќлиёти автомобилї ва хизматрасонии логистикї»  бо терминалњои мусофирбарї оид ба ташкили хизматрасонињои наклиётї

ш. Душанбе                                                                              «___»________________ соли 2017

  Шартномаи мазкур, бо максади иљроиши талаботи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 5 июли соли 2017, №335 “Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Наќлиёти автомобилї ва хизматрасонии логистикї»,  Оинномаи наќлиёти автомобилии Љумњурии Тољикистон, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 30 декабри соли 2009, №696 тасдиќ шудааст,   «Ќоидањои њамлу наќли мусофирон ва бори дастиву баѓољ бо наќлиёти автомобилї дар Љумњурии Тољикистон»   ва дигар санадњои меъёрию њуќуќии соњавї, байни маќомоти ваколатдори Вазорати наќлиёт дар соњаи наќлиёти автомобилї МД «Наќлиёти автомобилї ва хизматрасонии логистикї» дар асоси Оиннома фаъолият менамояд, дар шахсияти ______________________________________, минбаъд «Маќомоти ваколатдор»   номида    мешавад, аз як тараф ва терминали ________________________________дар асоси Оиннома фаъолият менамояд, дар шахсияти ___________________________минбаъд «Терминал» номида мешавад аз тарафи дигар,  ба имзо расонида шуд. 

  1. Мавзуи шартнома  

 

    Шартномаи мазкур иљроиши талаботи санадњои меъёрии њуќуќиро дар соњаи наќлиёти автомобилї  дар бар гирифта,  муносибатњои њуќуќии тарафњоро  дар њамкорї, инчунин идоракунии давлатї дар љараёни  њамлу наќли автомобилї, ҳуқуқу ўҳдадориҳои тарафҳо ва дигар хизматрасонињоро ба танзим медарорад.

                                              

                                                      2. Њуќуќ ва уҳдадорињои тарафњо

 

     2.1  «Маќомоти ваколатдор»  њуќуќ дорад:  

      ‑   њамчун маќомоти идоракунии давлатї дар татбиқи  сиёсати  ягонаи наќлиёти автомобилї, тарифӣ  ва  илмӣ-техникӣ  ва дигар хизматрасониҳои нақлиётї баромад менамояд;

       - риояи талаботи ќонунгузории  Љумњурии Тољикистон дар соњаи наќлиёти автомобилро  аз «Терминал» талаб  намояд;

      -  санҷишҳо ва мониторинги  тарифҳои  хизматрасонии  нақлиётиро дар ҳамбастагӣ бо мақомоти дахлдор  мегузаронад;     

      -   аз «Терминал» њисоботи  нишондињандањои асосии омориро талаб намояд.

      -  иљрои   Тартиби баќайдгирии ва хисобу китоби мусофирони имтиёзнок дар наќлиёти автомобилии истифодаи умум дар Љумњурии Тољикистон талаб менамояд..

                        

     2.2  «Маќомоти ваколатдор»  уњдадор аст:

      - «Терминал»-ро бо санадњои меъёрии њуќуќии соњавї  таъмин  менамояд;

      - дар коркарди нархномањои кору хизматрасонї, инчунин тартиби тањияи лоињањои санадњои меъёрии њуќуќии «Терминал» мусоидат намояд;

        - барои љуброни маблаѓњои мусофирони имтиёзнок ,мусоидат менамояд;              

        - руйхати (ведомости) мусофирони имтиёзнокро санљиш намуда, ба Вазорати наќлиёти ЉТ пешнињод менамояд.

                                   

      2.3 «Терминал» њуќуќ дорад:                      

      - ташкили фурўши чиптаҳо;

      - ташкили риояи љадвали ҳаракати автобусҳо, таксиҳои хатсайргард  дар хатсайрҳо.

                                

      2.4 «Терминал» уњдадор аст:   

      - таъмини меъёри риояи бехатарии ҳамлу накли мусофирон;

      - таъмини иттилоотии мусофирон;

      - таъмини нигоҳдории бағољ ва бори дастї;

      - таъмини мусофирон бо шароитҳои мусоид ҳангоми интизорї ба оғози сафар;

      - ба дигар терминалҳо дар бораи љойҳои холї ё холишавандаи автобусҳо ва таксиҳои хатсайргард, ҳамчунин дар бораи тағйирот дар љадвали ҳаракат ё пешгузаштан (ақибмонї)-и муваққатии автобусҳо, таксиҳои хатсайргард аз љадвали ҳаракат, қатъ кардан ё дохил намудани сафари берун аз љадвал, равона кардани автобусҳо ва таксиҳои хатсайргарди иловагї иттилоъ додан.

 

3. Масъулияти тарафҳо

 

     3.1 Дар сурати иљро нагардидани талаботи шартнома, тарафњо мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон масъул мебошанд;

    3.2 Бо зарурати истењсолї дар мувофиќаи тарафњо  ба шартномаи мазкур таѓйироту иловањо     ворид карда  мешавад.

                                         

4. Муҳлати шартнома

 

     4.1 Шартномаи мазкур аз  «___»________ соли 20____ то  «____»  _______ соли 20 ____  эътибор дорад.

      4.2  Шартномаи мазкур дар 2 нусха ба имзо расида ќувваи њуќуќии баробарро доро мебошанд. 

      4.3 Дар њолати аз љониби яке аз  тарафњо пешнињод нагардидани пешнињодот оид ба боздошти амали шартнома, мухлати амали шартнома эътироф мегардад.

 

 

                                                           5.  Суроғаи тарафҳо

 

              «Маќоми ваколатдор»                                            «Терминал»                                                                                          

 

_______________________________                                            _______________________________

_______________________________                                              ________________________________

_______________________________                                             _______________________________

                (Сана,  имзо)                                                                  (Сана,  имзо)

 

 

 

 

 

 

 

 

                                  

 

               

                     

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 


                        

 

                        

 

ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 


ФАРМОИШ

 

        №__                                                 «__»______ 2022 сол                              ш. Душанбе                                                       

              

Дар бораи Қоидаҳои наќлиёти автомобилї оид ба ҳамлу нақли мусофирон ва бори дастиву бағољ бо нақлиёти автомобилї дар Љумњурии Тољикистон                                                                    160.050.010.

                              Мутобиќи моддањои 42-47 Кодекси наќлиёти автомобилии Љумҳурии Тољикистон, моддаи 57 Ќонуни Љумњурии Тољикистон «Дар бораи санадњои меъёрии њуќуќї» ва бандњои 6 ва 8 Низомномаи Вазорати наќлиёти Љумњурии Тољикистон, ки бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон аз 6 майи соли 2011, №250 тасдиќ шудааст, 

 

      ФАРМОИШ  МЕДИЊАМ:

       1. Қоидаҳои наќлиёти автомобилї оид ба ҳамлу нақли мусофирон ва бори дастиву бағољ бо нақлиёти автомобилї дар Љумњурии Тољикистон                                                                    тасдиќ карда шавад (замима мегардад).

        2. Муассисаи давлатии «Наќлиёти автомобилї ва хизматрасонии логистикї» маќоми ваколатдор оид ба иљрои талаботи фармоиши мазкур муайян карда шавад.

       3.  Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соњаи наќлиёт зимни пешбурди корњои нозиротї иљрои талаботи фармоиши мазкурро таъмин намояд.

       4. Раёсати наќлиёти рўизаминї ва бахши њуќуќ фармоиши мазкурро тибќи тартиби муќарраргардида барои баќайдгирии давлатї ба Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон  пешнињод намоянд.

       5. Фармоиши мазкур пас аз баќайдгирии давлатї ва интишори расмї мавриди амал ќарор дода шавад.

    6. Фармоиши Вазири наќлиёти Љумњурии Тољикистон аз 20 июли соли 2009, №10 тасдиќ шуда, дар Вазорати адлияи Љумњурии Тољикистон аз 31 июли соли 2009, №255 “г” ба ќайди давлатї гирифта шудааст, аз эътибор соќит дониста шавад. 

       7. Назорати иљрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини вазир - сарпарасти соња вогузор карда  шавад.  

 

                                                                                                                                                    

                                                                                                    

                                           Вазир                                        Азим Иброњим

 

 

 

 

 

 

 

 

                                       Мувофиќа карда шудааст:

   

 

 

1.     Муовини вазир ___________________________ Ш. Саидмуродзода

 

2.     Сардори РНР    __________________________ А. Раҷабзода    

 

3.     Бахши њуќуќ  ____________________________ М. Сафарзода

 

4.     Директори МД «НА ва ХЛ»_________________ Р. Саломзода

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Ба «Ќоидањои њамлу наќли мусофирон ва бори дастиву баѓољ бо наќлиёти автомобилї дар Љумњурии Тољикистон»,  ки   бо фармоиши Вазири наќлиёти  ЉТ аз 20июли соли 2009, №10 тасдиќ шуда, дар Вазорати адлияи ЉТ тањти рамзи №255 “г” аз 31 июли соли 2009 ба ќайди давлатї гирифта шудааст,  мувофиќи фармоишњои зерини  Вазири наќлиёти Љумњурии Тољикистон   таѓйиру иловањои ворид карда шудаанд:

1.    Фармоиши Вазири наќлиёти  ЉТ аз  04.03.2010с. №7 тасдиќ шуда, дар Вазорати адлияи ЉТ тањти рамзи №255 “д” аз 13 апрели соли 2010 ба ќайди давлатї гирифта шудааст.

2.    Фармоиши Вазири наќлиёти  ЉТ аз 23 августи августи  соли 2010, №20 тасдиќ шуда, дар Вазорати адлияи ЉТ тањти рамзи №255 “е” аз 31 августи соли 2010 ба ќайди давлатї гирифта шудааст.

3.    Фармоиши Вазири наќлиёти  ЉТ аз 21 июни соли 2011, №60 тасдиќ шуда, дар Вазорати адлияи ЉТ тањти рамзи №255 “ж” аз 24 августи 2011 сол ба ќайди давлатї гирифта шудааст.

4.    Фармоиши Вазири наќлиёти  ЉТ аз 26 июни соли 2015, №138  тасдиќ шуда, дар Вазорати адлияи ЉТ тањти рамзи №255 “з” аз 28 июли соли 20015ба ќайди давлатї гирифта шудааст.

5. Фармоиши Вазири наќлиёти  ЉТ аз 31 августи соли 2017, №194 тасдиќ шуда, дар      

           Вазорати адлияи ЉТ тањти рамзи №255 “и” аз 4 октябри соли 2017 ба ќайди давлатї       

            гирифта шудааст.

 

       6.Фармоиши Вазири наќлиёти  ЉТ аз 14 ноябри соли 2017, №260 тасдиќ шуда, дар                     

           Вазорати адлияи ЉТ тањти  рамзи №255 “ї” аз 23 ноябри соли 2017 ба ќайди давлатї  

             гирифта шудааст.