ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛӢ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКӢ" МАРКАЗИ БОЗОМУЗӢ ВА ТАКМИЛИ ИХТИСОС

Маркази бозомузӣ ва такмили ихтисос ҷузъ (ё сохтори) Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистики”-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар асоси Барнома ва нақшаи таълимӣ курсҳои ҳарсолаи омӯзиши «Қоидаҳои бехатари ва ҳаракат дар роҳ» ва муоширати одоб ба мусофирон барои ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умумро ба роҳ мемонад. Мақсади омӯзиши таълими Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва муоширати одоб ба мусофирон барои ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум, чиҳати баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо таҳия шудааст. Дарсҳо тибқи барнома ва нақшаи таълимӣ дар доираи 20 соат на камтар аз як маротиба дар як сол гузаронида мешаванд.

Бо дар назар доштани ивазшавии воситаҳои нақлиёти дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ, ба хусус мусофирбарӣ масъалаи баланд бардоштани савияи дониш, одоби муошират бо мизоҷон ва мусофирон, инчунин, малакаи касбии ронандагони воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи умум, ки ба ҳамлу нақли мусофирон ва бор машғул мебошанд, зарурати ба роҳ мондани таълимоти иловагиро тақозо менамояд.

Парки воситаҳои нақлиёти автомобилии истифодашаванда аз ҷиҳати шумора ва сифат нисбати солҳои қаблӣ ба куллӣ тағйир ёфтааст.

Барои дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронидани дарсҳо тибқи Барнома ва нақшаи таълимӣ мутахассисони соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ, мактабҳои соҳаи ронандатайёркунӣ, соҳаи тандурустӣ, мақомоти БДА, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ ва дигар идораву ташкилотҳои дахлдор ҷалб карда мешаванд.

Гуруҳҳои таълимӣ барои гузаронидани дарсҳо бо шумораи то 30 нафар ташкил карда мешаванд. Давомнокии машғулиятҳои назариявӣ 45 дақиқа ва амалӣ 60 дақиқаро ташкил намуда бо ҳамроҳ намудани вақти ҳамъбасткунӣ, тайёр намудани ҳуҷҷатҳо ва иваз намудани таълимгирандагон ташкил медиҳад. Пас аз хатми курсҳо дониши таълимгирандагон тариқи имтиҳон санҷида шуда, ба онҳо талони махсус дода мешавад.

Ҳангоми аз худ накардани Барномаи таълимӣ ба хатмкунандаи курси мазкур талони махсус дода намешавад.лолоорорМундар автомобилии истифодаи умум

 

·        Садамаҳои роҳу нақлиёт

·        Хусусияти конструктивии воситаҳои нақлиёт дар таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ

·        Маҳорати кордонии ронандаи воситаи нақлиёт дар таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ

·        Ҳолати махсуси ҳодисаҳои роҳу нақлиётии хатарашон зиёд. Муҳокима ва таҳлили мисолҳо аз ҳолати фалокатбори роҳу нақлиёт.

·        Ҳаракати якка бо роҳи беруни шаҳрӣ. Ҳаракат аз паси ронандаи пешсаф (лидер). Сабқат ва суръатнокӣ.

·        Хусусиятҳои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар шароити вазнини роҳ.

·        Гузаштан чорроҳаҳо ва гузаргоҳҳои пиёдагардон ва роҳи оҳан.

·        Ҳолатҳои ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки пиёдагардон ва велосипедронон. Савор намудан ва фуровардани мусофирон.

·        Кашола карда бурдани воситаи нақлиёт.

·        Меъёрҳои ҳуқуқии танзими ҳаракат дар роҳ. Талаботи умумии асноди ҳуқуқӣ нисбати ронандагон.

·        Санҷиши дониши ронандагон аз Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ.

·        Садамаҳои нақлиётӣ, қоидавайронкуниҳои маъмурӣ ва намудҳои ҷавобгарӣ

·        Расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба xабрдидагони садамаҳои нақлиёти дар роҳ. Ёрии аввал ҳангоми содиршавии садамаҳои роҳу нақлиёт.

·        Шакл ва намуди захмҳои xабрдидагони фалокатҳои роҳу нақлиёт, усулҳои ёрии аввалини тиббӣ.

·        Дарсҳои амалӣ оид ба расонидани ёрии аввалини тиббӣ.

·        Омӯзиши шароитҳои интиқоли мусофирон (одам) ва борҳо дар шароити хатсайрҳои хатарнок. Таҳлили хатсайри воситаҳои нақлиёт ва ошкор намудани минтқаҳои хавфноки он.

·        Пешгирӣ ва огоҳ сохтан аз ба вуқуъ омадани ҳолатҳои хавфноки роҳу нақлиёт, дар хати ҳаракати воситаи нақлиёт.

·        Одоби муошират бо мусофирон. Ташкил ва гузаронидани омӯзиш оид ба Одоби муошират бо мусофирон