ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

ТАМАННИЁТИ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ

2023-09-08 09:54:40

Роҳсозону роҳдорон ва нақлиётчиёни зафарманди кишвар!   
   Боиси ифтихор аст, ки таҳти ҳидояту ғамхориҳои пайвастаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 32 сол боз дар фазои озоду осуда Истиқлолияти Ватани  азизамон - Тоҷикистонро бо сарбаландӣ таҷлил мекунем.
        Аз фурсати муносиб истифода бурда, ин ҷашни бузургро барои ҳамагон сидқан  табрик мегӯям ва бароятон тансиҳативу барори кор ва фазои тинҷу ороми кишварро  орзу мекунам. Мардуми сарбаланди Тоҷикистон таҳти сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Прези­денти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 32 соли мустақилият дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёти кишвар  бемайлон пеш рафта, барои сазовор пешвоз гирифтани ин ҷашни муборак бо азми қавӣ ва субот талош меварзанд. 
     Рӯзи Истиқлолияти кишвар дар таърихи миллати куҳанбунёди тоҷик падидаи басо муҳим аст, зеро бори нахуст тоҷикистониён соҳиби  давлати озод ва  Тоҷикистон ҳамчун кишвари  мустақил вориди саҳнаи сиёсии ҷаҳон гардид. Дар он рӯзҳои тақдирсоз Роҳбарияти давлатро лозим буд, ки пояҳои дав­лати навбунёдро устувор сох­та, барои амлигардии ниёзу ормонҳои мардум самтҳои асо­сии сиёсати дохиливу хориҷии давлатро бар асоси анъанаю суннатҳои дерини давлатдории миллии хеш тарҳрезӣ намоянд ва Тоҷикистонро дар масири рушду тавсеа пеш баранд. Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ, ки бо иғвою фитнаи бегонагон дар хоки муқаддаси Тоҷикистон до­ман зада буд, ҳаллу фасли ин масъалаҳои муҳимро ба таъхир андохт. Танҳо пас аз ба сари қудрати сиёсӣ омадани Сарвари хирадманд, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пояҳои дав­латдории навин бунёду устувор гардиданд.  Барқарор шудани сулҳу оромӣ ва таҳкими суботи сиёсӣ дар кишвар ба мо имкон дод, то ҳамкориҳои бештару густурдатареро бо кишварҳои ҷаҳон роҳандозӣ намуда, ба ҳалли масъалаҳои мубрами рушди дохилии мам­лакат рӯй оварем. Иқтисодиёту инфрасохтори харобгашта ва дарҳамрехтаи мамлакатро ду­бора барқарор кардан лозим омад. Ин ҳама татбирҳо таҳти хидоятҳои Роҳбари тозаинтихоби давлат амалӣ гардида, комёбиҳои зиёд ба даст омаданд вам бисёриҳоро, аз ҷумла берун аз Тоҷикистон ба таҳайюр оварданд. Имрӯз баргузории чорбиниҳои сатҳи ҷохонӣ дар Тоҷикистон, иштирок ва суханронии Роҳбарияти олии кишвар аз минбарҳои баланди байналмилалӣ, дастгирии пешниҳодоти Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту институтҳои байналмилалӣ аз  нуфузи афзояндаи кишвари соҳибистиқлоламон  дар арсаи ҷаҳонӣ дарак медиҳад. 
     Дар қатори дигар соҳаҳо маҷмааи роҳу нақлиёт низ дар да­воми 32  соли соҳибистиқлолии кишвар ба дастовардҳои зиёд ноил гашт. Бароварда­ни Тоҷикистон аз бунбасти коммуникатсионӣ, ки  яке аз самтҳои стратегии рушди кишвар ба шумор мерафт, амалӣ гардида, дар назди нақлиётчиёну роҳдорони кишвар вазифаи дигари пурмасъул - ба кишвари муосири транзитӣ табдил додани Тоҷикистон гузошта шуд. Дар пайи иҷрои ин супориши Роҳбарияти давлат низ саъю талош дорем. Президенти маҳбубамон дар Паёми навбатиашон низ ин масъаларо таъкид карданд ва чунин изҳор намуданд:  “Барои таъмин намудани рафтуомади бемамониати мусофирон ва ҳамлу нақли молу маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол байни минтақаҳои кишвар, инчунин, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он 59 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 24 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, 2400 километр роҳ, 326 пул, 6 нақби мошингузар ва 219 километр роҳи оҳан сохта, ба истифода дода шуд.      Бо амалӣ намудани корҳои зикргардида мо соли 2017 ба яке аз ҳадафҳои стратегии худ ноил шуда, Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид табдил додем ва тавассути долонҳои нақлиётӣ бо кишварҳои ҳамсоя ва дигар мамолики дуру наздики хориҷӣ пайвастани онро таъмин намудем”. 
      Боиси ифтихори мо, кормандони соҳаи роҳсозист, ки дар солҳои Истиқлол бо дастуру ҳидоятҳои Сарвари тоҷикони дунё ва заҳмати шабонарӯзии роҳсозон  садҳо километр роҳу пулҳо сохтаву таҷдид гардида, кишвари моро ба ҷаҳони мутамаддин пайваст сохтанд. Роҳи “Мурғоб – Кулма”, “Душанбе – Чаноқ”, “Душанбе – Бохтар - Дӯстӣ – Панҷи Поён”, “Душанбе -  сарҳади Қирғизистон”, ”Душанбе – сарҳади Ӯзбекистон”, пулҳои автомобилгузар аз болои дарёи Панҷ бо Афғонистон аз зумраи ин  иншоотанд ки моро бо кишварҳои ҳамсоя пайваст месозанд ва ҳанӯз ҳам сохтмону таҷдиди роҳҳои дохилӣ ва байналмилалӣ идома дорад.       Дар муддати 32 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон хатсайри қатораи “Душанбе – Самарқанд – Тошканд” кушода шуда, хатсайри қатораи мусофирбарии самти “Душанбе – Волгоград”, “Кӯлоб – Волгоград” ва “Хуҷанд – Волгоград” барқарор карда шуд. 
     Вазорати нақлиёт лар ҳамбастагӣ бо Шарикони Рушд лоиҳаҳои кумаки техникиро амалӣ намуд, ки дар натиҷа ба муассисаҳои давлатӣ техникаю таҷҳизоти пуриқтидору замонавӣ дастрас гардиданд.  Имрўз  кормандони соҳаи нақлиёту роҳ дар рушди тамоми соҳаҳо ва  ободии кишвари азизамон саҳми арзанда дошта, бо ташкил намудани корхонаҳои нақлиётӣ ҳазорон нафарро соҳиби ҷои кор ва  бо меҳнати софдилонаи худ  мавқеъ ва обрўву эътибори хоса пайдо кардаанд. Ба низом даровардани ҳаракати нақлиёти боркашу мусофирбар, ташкили марказҳои логистикӣ дар доираи фаъолияти МД “НАХЛ”, таъсиси КВД “Рақамикунонии соҳаи нақлиёт” низ аз қабили  чунин дастовардҳоянд.  Боиси хушнудист, ки Маркази минтақавии дипломатияи нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи Форуми сиёсии сатҳи баланди Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ  пешниҳод ва дагстгирӣ ёфт.  Имрӯз баҳри пешрафти кор ва боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани сатҳу сифати хизматрасонӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт  3 барнома мавриди татбиқ ва баррасӣ қарор доранд: “Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025”, “Барномаи ҷорӣ намудани Низоми идоракунии дороиҳои роҳҳои автомобилӣ (НИДРА) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”,  “Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027”  ва “Барномаи давлатии рушди низоми логистика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028”.  Ҳамаи заҳматҳое, ки баҳри ободониву созандагӣ ба харҷ дода мешаванд, қадрдонӣ мегарданд. Чун ҳарвақта як гуруҳи калони намояндагони фаъоли ҷомеа, ки дар рушди кишвари азизамон саҳми арзишманд гузоштаанд, аз ҷониби Сарвари давлат бо мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд, ки дар қатори онҳо 8 нафар  кормандони соҳаи роҳу нақлиёт низ ҳастанд ва ин боиси сарфарозии мост.
       Дар маҷмуъ пешравиҳои роҳсозону нақлиётчиён дар даврони соҳибистиқлолии кишвар зиёданд. Аз ин хотир, барои заҳматҳо дар пешрафти кори соҳа ба ҳамаи онҳое, ки саҳми худро софдилона гузоштаанд ва барои меҳнати самарабахш ва ҳисса гузоштанатон дар таҳкими музаффариятҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба якояки Шумо арзи сипос намуда, бори дигар ҷашни бузурги таърихӣ – соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азизамонро ба Шумо муборак мегӯям. Боварии комил дорам, ки баҳри бузургдошти истиқлолияти бо заҳматҳо ба дастомада дар мубориза ба муқобили ҳама гуна ҷараёнҳои ба миллати мо бегона фаъол­тар гардида, ҷиҳати ободонии роҳҳои кишвар, хизматрасо­нии беҳтару пурсамар барои халқ ва таъми­ни осудагии Ватанамон боз ҳам бештар кӯшиш хоҳем кард. 
 Ҷашни 32-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамкасбони азиз!