БОРКАШОНӢ-2024. Дар ин самт дар соли нав чиро бояд интизор буд
2023-12-25 04:36:56
Тӯли солҳои сипаришуда саноати боркашонӣ ба тағйироти зиёд мувоҷеҳ гашт. Ба ин соҳа омилҳои зерин таъсири назаррас расонданд: пайдоиши технологияҳои нав ва моделҳои инноватсионии тиҷорат, таваҷҷӯҳи афзоянда ба масъалаи рушди устувор ва ғайра. Дар арафаи соли 2024 барои ронандагони мошинҳои боркаш муҳим аст, ки аз тамоюлҳое, ки ояндаи соҳаро муайян хоҳанд сохт, огоҳ бошанд. Дар мақолае, ки дар зер пешниҳод мешавад, мо дар бораи баъзе аз ин тамюлҳо, ки солҳои оянда метавонанд аҳаммияти ҷиддӣ касб намоянд, тамаркуз мекунем.
Устуворӣ ва созгорӣ ба муҳити зист
Саноати нақлиёти автомобилӣ дар самти эҷоди ояндаи устувор ва ба муҳити зист созгор қадамҳои ҷиддӣ мегузорад. Ширкатҳо ба мошинҳои боркаши барқӣ ва гибридӣ сармоягузорӣ мекунанд ва инчунин манбаъҳои алтернативии сӯзишворӣ, аз қабили гази табиӣ ва сӯзишвории биологиро меомӯзанд. Илова бар ин, технологияҳои нав, ки барои беҳсозии сарфаи сӯзишворӣ ва паст кардани сатҳи партовҳои зараровар имкон фароҳама меоранд, маъруфияти бештар пайдо мекунанд. Масалан, мошинҳои бидуни ронанда.
Баланд бардоштани сатҳи автоматикунонӣ
Дар чанд соли оянда дар автоматикунонии боркашонӣ тағйироти назаррас ба амал меояд. Интизор меравад, ки мошинҳои боркаши мустақил бо сенсорҳои (абзори ченкунӣ) муосир ва зеҳни сунъӣ (робот; андроид) дар соҳаи боркашонӣ инқилоб кунанд. Ҳарчанд, ки баъзе коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки мошинҳои боркаши комилан мустақил на пештар аз миёна ё охири солҳои 2030-ум паҳн мешаванд, автоматикунонии қисман (масалан, назорати хати ҳаракат ва тормози автоматӣ) барвақттар шуруъ хоҳад шуд.
Тағйироти рақамӣ
Саноати боркашонӣ тағйроти фарогири рақамиро аз сар мегузаронад, зеро ширкатҳо торафт фаъолонатар технологияҳои навро ҷорӣ мекунанд, ба мисли:
- блокчейн (пойгоҳи маълумотҳо, ки бо истифода аз шабакаи ҳамсон мустақилона идора карда мешавад);
- IoT ва ё шабакаи дастгоҳҳои ҷисмонӣ, ки ба дастгоҳҳо ва хизматрасониҳои дигар тавассути Интернет ё шабакаи дигар пайвастанд ва бо онҳо маълумот мубодила мекунанд);
- таҳлили маълумот, аз ҷумла бо ёрии ширкатҳои машваратӣ ё консалтингӣ ва бо истифода аз усули стратегии таҳлили маълумот.
Ин технологияҳо барои мантиқисозии амалиёт, беҳинсозии хатсайрҳо ва баланд бардоштани шаффофияти тамоми занҷири ҳамлу нақл кӯмак мекунанд.
Камбуди ронандагон
Дар чанд соли оянда дар соҳаи боркашонӣ норасоии назарраси ронандагон боқӣ хоҳад монд. Гарчанде ки технологияи нав метавонад ин мушкилотро то андозае сабук кунад, муассисаҳои нақлиётӣ бояд ба нигоҳ доштани ронандагон диққат диҳанд. Ширкатҳои нақлиётӣ ба татбиқи стратегияҳои инноватсионӣ барои беҳтар кардани шароити кории ронандагон шурӯъ мекунанд. Масалан, онҳо ҷадвали кории чандиртарро пешниҳод месозанд, музди меҳнат ва имтиёзҳоро зиёд мекунанд ва барои омӯзиш ва рушди онҳо имкониятҳои беҳтар фароҳам меоранд.
Тиҷорати электронӣ ва расонидани «мили охирин»
Саноати нақлиети автомобилӣ дар соли 2024 дар он сатҳе нахоҳад буд, ки мо имрӯз ба он одат кардаем. Соҳаи боркашонӣ дар ҳама марҳилаҳо — аз автоматикунонӣ то тағйиротти рақамӣ ва тиҷорати электронӣ фаъолона рушд мекунад. Барои ронандаи мошини боркаш муҳим аст, ки аз ин тамоюлҳо огоҳ бошад, то рақобатпазир буда тавонад ва имкониятҳои нав пайдо кунад. Гарчанде ки ин тағйиротҳо душвору сангин ба назар мерасанд, онҳо роҳҳои рушд ва навовариро мекушоянд ва дар ниҳоят ҳам ба ронандагон ва ҳам ба ҳама дар соҳа манфиат меоранд.
Вақти муттаҳид шудан аст
Интиқоли мултимодалӣ ё омехта (бо ду ва ё зиёда намуди нақлиёт) аз байн намеравад. Бо назардошти рушди воридоти мувозӣ ва транзит тавассути кишварҳои сеюм, ин намуди интиқол, яъне мултимодалӣ ривоҷи нав пайдо мекунад.Соли 2023 тиҷорати контейнерӣ коҳиш ёфт, аммо соли 2024 он ба таври мӯътадил афзоиш меёбад. Коҳиш ба кам шудани хароҷоти истеъмолкунандагон дар пасманзари зарбаи таваррум бар асари болоравии нархҳо алоқаманд аст. Бо сабаби таҳримҳо ҳатто бандарҳои аврупоӣ, аз қабили Роттердам, Брюгге ва Ҳамбург бо коҳиши ҳаҷм рӯ ба рӯ шуданд. Раванди ба эътидол овардани он ҳанӯз ҳам идома дорад, ҳатто бо вуҷуди барқарор кардани бузургтарин маркази ҷаҳонӣ дар Шанхай. Таҳлилгарон интизоранд, ки талабот ба тиҷорати контейнерӣ нисбат ба нимаи дуюми соли ҷорӣ каме беҳтар шуда, тақрибан 3% афзоиш меёбад.
(Мавод бо истифода аз маълумотҳои «Биржа грузоперевозок» ва «Деловой мир» таҳия шудааст) «Мили охирин» истилоҳест, ки дар идоракунии занҷирҳои таъминот ва банақшагирии нақлиёт барои тавсифи марҳилаи охирини сафар истифода мешавад, ки интиқоли одамон ва молу маҳсултро аз маркази нақлиёт ба макони ниҳоӣ дарбар мегирад. «Мил» - ченаки масофа аст, ки дар Руми Қадим ҷорӣ карда шудааст. Андозаи мили Руми Қадим 1482 метрро ташкил медод. Ҳоло 1 мил ба 1.609344 километр баробар аст.
Бознашр аз сомонаи www.mintrans.tj