ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

«ДАРВОЗАҲОИ ҶАҲОНӢ». Дар Брюссел Форуми сармоягузории робитаҳои устувори нақлиётӣ миёни Аврупо ва Осиёи Марказӣ ба кор оғоз кард

2024-02-01 05:58:54

Дар Брюссел 29 январи соли равон Форуми сармоягузории робитаҳои устувори нақлиётӣ миёни Аврупо ва Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Дарвозаҳои ҷаҳонӣ» (Global gateway investors Forum on sustainable transport connections between Europe & Central Asia) ба кори худ шуруъ кард.
 Дар он ҳайати Тоҷикистон бо сарварии Вазири нақлиёти ҶТ Азим Иброҳим иштирок  дорад.
Форум 29-30 январи соли 2024 дар пойтахти Белгия бо ташаббуси Комиссияи Аврупо (КА) доир карда мешавад. Дар он намояндагони баландпояи кишварҳои Осиёи Марказӣ, давлатҳои узви Иттиҳоди Аврупо (ИА), мамолики шарики МБНТ (Масири байналмилалии нақлиётии Транскаспий), муассисаҳои ИА, институтҳои молиявии байналмилалӣ ва дуҷониба, инчунин намояндагони бахши хусусӣ ва аъзои ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат мекунанд. Ташкилотҳои молиявии аврупоӣ ва байналмилалӣ, ки дар форум ҳузур доранд, барои дастгирӣ ва сармоягузории робитаҳои устувори нақлиётӣ дар Осиёи Марказӣ 10 миллиард евро ҷудо мекунанд. Дар ин бора Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба масоили тиҷоратӣ Валдис Домбровскис дар пойтахти Белгия, дар марсими ифтитоҳи Форуми дурӯзаи сармоягузории нақлиётии «Дарвозаҳои ҷаҳонӣ» (Global Gateway), ки ба робитаҳои нақлиётии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ бахшида шудааст, хабар дод. «Ин, бешубҳа, ба тағйироти ҷиддии тарҳ ва сохтори боркашонии байналмилалӣ ва самаранокии он, инчунин ҳамгироии минтақавӣ ва рушди минбаъдаи иқтисодӣ мусоидат мекунад», - иброз дошт Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим.  Бо ин мақсад, ба гуфтаи ӯ, талошҳо барои истифодаи самараноки гузаргоҳи нақлиётии «Тоҷикистон – Узбекистон – Туркманистон – Туркия – Аврупо», ки роҳи кӯтоҳтарин ба бозорҳои Аврупоро таъмин мекунад, афзоиш меёбанд. Вазир иттилоъ дод, ки Тоҷикистон сохтмони якчанд маҷмааҳои логистикии дорои аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалиро ба нақша гирифта, ба маблағи беш аз 100 миллион доллари ИМА лоиҳаҳо омода кардааст. Дар соҳаи роҳи оҳани кишвар зиёда аз даҳ лоиҳаи муҳим ба маблағи беш аз 5 миллиард доллари ИМА омода шудаанд.  «Дар пешбурди ташаббусҳои зикршуда мо ба ҳамоҳангӣ бо натиҷаҳои таҳқиқоти Комиссияи Аврупо ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, аз ҷумла пешниҳодҳои эълоншуда оид ба ҷалби сармоягузорӣ ба инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ, инчунин тавсеа ва электрикунонии хатҳои роҳи оҳан умед мебандем», -  гуфт Вазири нақлиёти Тоҷикистон. Зикр гардид, ки Иттиҳоди Аврупо қаблан аз имзои Созишнома дар бораи робитаи нақлиёти заминӣ дар Осиёи Марказӣ дар Ҷаласаи панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ 14 сентябри соли 2023 дар Душанбе истиқбол карда буд. Дар ин замина, Вазири нақлиёти Тоҷикистон аҳамияти пайвастшавии ҳарчи зудтари шабакаи  ҳамлу нақли «Тронсурупоӣ» (The Trans-European Transport Network; TEN-T) -ро бо шабакаҳои нақлиётии Осиёи Марказӣ таъкид кард.Global Gateway лоиҳаи ҷаҳонии иқтисодии Иттиҳоди Аврупо буда, сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои рушди инфрасохторро дар бахшҳои рақамӣ, энергетикаи сабз ва нақлиёти сабз пешбинӣ мекунад, ки ин ба Рӯзномаи иқлими СММ то соли 2030 комилан мувофиқ аст.«Тоҷикистон барои рушди энергетикаи сабз иқтидори назаррас дорад. Кишвари мо иншоотҳои нави гидротехникӣ сохта, иқтидори иншоотҳои мавҷударо навсозӣ мекунад», - гуфт Азим Иброҳим ва илова кард, ки ҷумҳурӣ ният дорад то соли 2032 нерӯи худро 100% бо истифода аз манбаъҳои "энергияи сабз" истеҳсол кунад ва партовҳои газҳои гулхонаиро то соли 2037 ба ҳадди ақал расонад.«Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаи худ ба Парлумони кишвар моҳи декабри соли гузашта таъкид доштанд, ки то соли 2037 Тоҷикистон ба «кишвари сабз» табдил хоҳад ёфт. Рӯйкарди муттасил ва пайваста ба инфрасохтори устувори нақлиётӣ барои ноил шудан ба ин ҳадаф муҳим аст», -  зикр кард кард Вазири нақлиёти ҶТ. Ёдовар мешавем, ки Форуми сармоягузории «Дарвозаҳои ҷаҳонӣ» пас аз таҳқиқоти долонҳои устувори нақлиётии миёни ИА ва Осиёи Марказӣ, ки соли 2023 бо фармоиши ИА анҷом дода шуд, қадами навбатӣ мебошад.Чорабинӣ барои ноил шудан ба ҳадафи дарозмуддати табдил додани МБНТ ба масири мултимодалӣ, устувор, муосир, рақобатпазир, зеҳнӣ ва кӯтоҳ, ки Аврупо ва Осиёи Марказиро дар тӯли 15 рӯз ё камтар аз он мепайвандад, равона шудааст. Форум инчунин барои оғоз кардани раванди татбиқ ва ҳамоҳангсозии сармоягузорӣ дар долони нақлиётии Транскаспий тавассути иҷрои амалҳои мушаххасе, ки дар таҳқиқот муайян шудаанд, пешбинӣ шудааст. Дар форум ҷаласаҳои (панелҳои) алоҳида (канорӣ) оид ба интиқоли мултимодалӣ, масъалаҳои гумрукӣ ва озодсозии бозор, ҳамоҳангсозии стандартҳо, кор дар иншооти инфрасохтори баҳрҳои Сиёҳ ва Каспий, имкониятҳои сармоягузорӣ барои давраҳои кӯтоҳмуддат ва миёнамӯҳлат, тарҳрезии механизми ҳамоҳангсозӣ пешбинӣ шудаанд.
                                                                                                                                             Бознашр аз сомонаи www.mintrans.tj