ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

Табрикоти директори муассиса бахшида ба рӯзи иди Қурбон

2022-07-08 11:21:47

                     Ҳамкорони гиромӣ !
       Айни ҳол мо дар арафаи иди Қурбон қарор дорем ва  аз ин фурсати муносиб истифода намуда ҳамаи Шуморо ба ин муносибат самимона табрик ва таҳният менамоям. Мо ҳамагон шукри он мекунем, ки иди Қурбон ва дигар иду ҷашнҳои милливу диниамонро дар фазои сулҳу салоҳ ва истиқлолияти комили давлатӣ таҷлил менамоем. Дар ҳамин росто  бояд ёдовар шуд, ки тибқи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иду ҷашнҳо аёдати беморону ятимон, барҷомондагону ниёзмандон ва хайру накукорӣ аз фазилатҳои неки инсонӣ ба шумор меравад. Ба ҳамин хотир дар рӯзҳои ид анҷом додани чунин амалҳои накӯкорӣ ва ба ин васила идома додани хислатҳои неки ниёгонамон барои ҳар яки мову шумо фарзу қарз аст. Ҳангоми ҷашн гирифтани иди Қурбон муассалам аст, ки мардуми мусалмони дунё қурбонӣ дар роҳи Худо менамоянд. Ба ҳамин хотир ҳангоми анҷоми ин амри хайр моро зарур аст, ки ба исрофкорӣ ва зоҳирпарастӣ роҳ надиҳем ва ҷашну идҳоро тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон " Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо" баргузор намоем. Ман боварии комил дорам, ки ҳамаи Шумо дар доираи қонуну қоидаҳои муқараргардида иди Қурбонро ҷашн мегиред ва риояи меъёрҳои қонун ва дастуру ҳидоятҳои роҳбари давлат ва вазорати нақлиётро дар амал татбиқ менамоед. Бори дигар ҳамаи Шумо ва дар шахсияти Шумо аҳли наздикону пайвандонатонро ба рӯзи иди саиди  Қурбон табрик намуда ба Шумо саодату саломатӣ ва барори кору осоиши рӯзгорро таманно дорам.
         Ид муборак, ҳамкорони азиз!