ВАЗОРАТИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ "НАҚЛИЁТИ АВТОМОБИЛИ ВА ХИЗМАТРАСОНИИ ЛОГИСТИКИ"

ТОҶИКИСТОН МИЁНИ КИШВАРҲОИ АМНТАРИНИ ҶАҲОН МАҚОМИ ДУЮМРО СОҲИБ ГАРДИД. Яке аз меъёрҳои арзёбии амният рушди инфрасохтори нақлиётӣ номида шудааст

2025-09-25 04:24:45 | Диданд: 367

Тибқи гузориши «Global Safety Report – 2025», ки Пажӯҳишгоҳи афкори ҷамъиятии Амрико «Gallup» омода мекунад, Тоҷикистон дар байни кишварҳои амнтарини ҷаҳон ҷои дуюмро ишғол кардааст. 
Аз рӯи натиҷаҳои назарсанҷӣ, ки дар 142 кишвари ҷаҳон гузаронида шудааст, 95% аҳолии Тоҷикистон ҳангоми сайругашти шабона худро комилан бехатар ҳис мекунанд. 
Ба даҳгонаи кишварҳои амнтарини ҷаҳон Сингапур (98%), Тоҷикистон (95%), Чин (94%), Умон (94%), Арабистони Саудӣ (93%), Ҳонконг (91%), Кувайт (91%), Норвегия (91%), Баҳрайн (90%) ва Амороти Муттаҳидаи Араб (90%) дохил шудаанд.
Даҳ давлат, асосан африқоӣ, кишварҳои камамнтарин дар ҷаҳон номида шудаанд: Чад (41%), Мянма (41%), Эсватини (40%), Зимбабве (40%), Чили (39%), Эквадор (38%), Либерия (37%), Ботсвана (34%), Лесото (34%), Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ (33%).Ёдовар мешавем, ки барои арзёбии амнияти кишварҳо созмонҳои байналмилалӣ ва институтҳои тадқиқотӣ, аз ҷумла Пажӯҳишгоҳи Гэллапи ИМА, ки 90 сол пеш аз ҷониби профессори ҷомеашинос Ҷорҷ Гэллап таъсис дода шудааст, нишондиҳандаҳо ва усулҳои гуногунро истифода мебаранд. Яке аз нишондиҳандаҳои пешбари амнияти ҷаҳонӣ Шохиси сулҳи ҷаҳонӣ (Global Peace Index) маҳсуб меёбад. Он 23 меъёри сифатӣ ва миқдориро ба назар мегирад, ки асоситаринашон инҳо мебошанд:
ВАЗЪИ СИЁСӢ ВА СУБОТИ ОН. Фаъолияти сохторҳо ва мақомоти ҳокимият таҳлил карда мешавад, ки онҳо чӣ гуна кор мекунанд, оё тағйирот зуд-зуд рух медиҳад. Вазъи ҳаёти сиёсии ҷомеа ва риояи меъерҳои ҳуқуқ низ ба назар гирифта мешавад.
САТҲИ ҶИНОЯТКОРӢ. Нишондиҳанда бо ёрии таносуби шумораи ҷиноятҳо дар давраи муайян нисбат ба шумораи аҳолӣ чен карда мешавад.
 Коршиносон ба сатҳи таҳдиди ҳамлаҳои террористӣ, шумораи умумии ҷиноятҳои дар қаламрави давлат содиршуда, фоизи ошкоркунии онҳо, самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ эътибор медиҳанд.
РУШДИ ИНФРАСОХТОРИ НАҚЛИЁТӢ. Сатҳи мазкур дар асоси ҳолати роҳҳои автомобилӣ, пулҳо, нақбҳо, истгоҳҳо, фурудгоҳҳо, вокзалҳо, пойгоҳҳои локомотивӣ, марказҳои логистикӣ ва дигар иншоот, ки ҷузъи маҷмаи умумии нақлиётии давлат мебошанд, муайян карда мешавад.
САМАРАНОКИИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ. Сатҳ ва арзиши ёрии тиббӣ, мавҷудияти таҷҳизоти муосир, касбияти кормандони беморхонаву табобатгоҳҳо ва ғайра таҳлил карда мешаванд.
СУБОТИ ИҚТИСОДӢ. Қобилияти иқтисодиёт барои ташкили ҷойҳои корӣ чен карда, қувваи низоми савдо, рақобатпазирии тиҷорат пайгирӣ карда мешавад, дастрасӣ ва амнияти сармоягузории молиявӣ аҳамият дорад.
ОЗОДИИ ШАХСӢ. Ҳуқуқҳои асосии инсон, озодиҳои инфиродӣ ва инчунин таҳаммулпазирии иҷтимоӣ дар ҷомеа аз омилҳои муҳими амнияти кишвар арзёбӣ мегарданд.
МУҲИТИ ТАБИӢ. Вазъи муҳити зист, ки ба ҳаёти ҳаррӯза ва рушди наслҳои оянда таъсир мерасонад, арзёбӣ карда мешавад. Хатари офатҳои табиӣ ва қобилияти муқовимат ба онҳо ба назар гирифта мешавад.
Бо назардошти ин ҳама метавон чунин зикр намуд: дастоварди арзандаи Тоҷикистон далели равшани он аст, ки дар партави сиёсати оқилона, созанда ва сулҳҷӯёнаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо ба макони сулҳу субот ва оромӣ, ба яке аз ҷойҳои бехавф дар сайёраи ноороми имрӯза табдил ёфтааст.
Имрӯз амният ва суботи кишварҳо, фазои ороми шаҳру деҳот, зиндагии бидуни тарсу ҳарос ва ҳаракати озоди одамон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун арзишҳои олӣ эътироф гардидаанд, ки дар Эъломияи ҳазорсолаи Созмони Милали муттаҳид аз 8 сентябри соли 2000 сабт шудаанд.